Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҚИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР

ҚИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР

22-06-2018, 08:59
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
 ҚИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам ва захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии тамоми гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Маҳз об аст, ки ҳама ҷо чароғон асту осиёбҳо гардон.

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани одам аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша ба онҳо сарукор дорад, манбаи асосист.
Обро минерали нодиртарини захираҳои табии арзёбӣ намудаанд. Ягон чизи дигар обро иваз карда наметавонад.
Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша шукргузор бошем. Кишвари маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати ҷаҳониён ба он нигаронида шудааст. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, садҳо кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар ҷумҳурӣ дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на ин ки Тоҷикистон, балки мамлакатҳои ҳамсоя-Ӯзбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбӯси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи Миёна хисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.
Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Беш аз 2 миллиард нафар одамон имрӯзҳо камбудии шадиди ин неъмати худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ ин масъала торафт мураккабтар мегардад.
Оре, бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул карда буд.
Норасоии обро имрӯзҳо аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра эҳсос намудаанд. Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва инак, пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд. Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Имрӯзҳо Тоҷикистон дар арсаи чаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускор дар мавзӯи об шинохта шудааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хоҳад буд.
Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замонҳои қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста кардаанд.
Маҳз аз давраҳои қадимтарин одамон дар соҳилҳои бузурги дарёҳои Нил, Сиру Ому, Миссисипӣ, Волга, Рейну Дунай, Гангу Брах-мапутра мезистанд ва барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд.
Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.
Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ муқаддас шуморем ва тозаву озода нигоҳ дорем.
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. Беҳуда нест, ки бузургонамон обро қимматтар аз лаълу гуҳар маънидод кардаанд.

Марворид ТОҲИРОВА, муаллимаи фанни забони англисии ТМУ №90-и ш.Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: