Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мақсад истифодаи сарфакоронаи об

Мақсад истифодаи сарфакоронаи об

22-08-2017, 11:16
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Мақсад истифодаи сарфакоронаи об
Дар урфият “ Обу ҳаёт “ мегӯянд. Бале, об ҳасту ҳаёт. Ҳастии чи инсону чи тамоми мавҷудоти табиат ба об вобаста аст. Аз ин рӯ ҳаётро бидуни об тасаввур кардан мумкин нест. Баробари рушди рӯзафзуни иқтисодиёт, техникаю технология ва вусъати бемайлони соҳаи кишоварзӣ табиист, ки талабот ба обу обрасонӣ торафт меафзояд.
Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд.

Дар Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ кардаанд лоиҳаи қатънома Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028.
Маҷмаи Умумии СММ,бо такя ба қатъномаҳои худ таҳти рақамҳои 47/193 аз 22 декабри соли 1992 оид ба баргузории Рӯзи захираҳои ҷаҳонии об, 55/196 аз 20 декабри соли 2000, ки тибқи он соли 2003-ро – Соли байналмилалии оби тоза эълон кард, 58/217 аз 23 декабри соли 2003, ки мувофиқи он давраи солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд, 61/192 аз 20 декабри соли 2006, ки тибқи он соли 2008-ро – Соли байналмилалии беҳдошт эълон кард, 65/154 аз 20 декабри соли 2010, ки мувофиқи он соли 2013-ро – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намуд ва 67/204 аз 21 декабри соли 2012 оид ба баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар соли 2013,инчунин бо такя ба қатъномаҳои худ таҳти рақамҳои 64/198 аз 21 декабри соли 2009 оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи рафти баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва 69/215 аз 19 декабри соли 2014, ки тибқи он баргузории шарҳи ҳамаҷонибаи пешравие, ки зимни Даҳсолаи баргузоршуда ба мувофиқа расид ва минбаъд низ дар сатҳи байналмилалӣ андешидани тадбирҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои марбут ба соҳаи об дархост карда шуд,Ин хабар дар қатори он хабарҳои некест, ки тоҷику тоҷикистониёнро хушҳол гардонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳсор буда, зиёда аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кӯҳҳои баланд ва иқлими мусоид Тоҷикистонро ба ватани пиряхҳо, ки манбаи асосии захираҳои об мебошанд, табдил дода, он аз ҳисоби чунин захираҳо дар Осиёи марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Тоҷикистон ҳамзамон мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ба тағйирёбии ҷиддии иқлим дучор шуда, бар асари гармшавии ҳарорати ҳаво пиряхҳои он дар давоми 50-60 соли охир 20 фоизи ҳаҷм ва 30 фоизи майдонашонро аз даст додаанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ба ҳифзи захираҳои обӣ, аз ҷумла бунёди обанборҳо эҳтиёҷ дошта, он маблағҳои калони пулиро тақозо менамояд.
Ҳадафҳои бар асоси ин ташаббусҳо гузошташуда, хеле наҷибона, инсондӯстона ва оқилонаву саривақтӣ буда, онҳо ба бартараф намудани мухолифатҳо байни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои об фароҳам овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии боз ҳам шаддидтар шудани танқисӣ аз захираҳои об равона шудаанд.
Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ аст. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати мили-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон яке аз ташаббускорони эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт» (солҳои 2005-20015) мебошад.
Зеро бидуни об зиндагии мардум ва ҳам рушди босуботи иқтисодиёти кишварро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бояд тазаккур дод, ки ифтихори ҳар як сокини ин диёри куҳанбунёди мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз соли 1992 инҷониб бо мурури дастрасӣ ба сулҳу суботи устувор таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра намудор сохтанд.
Боиси фараҳмандист, ки ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 қабул намуд. Ба ҷонибдории он 193 давлати аъзои ин созмон раъй доданд. Дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гардидааст.
Об яке аз омилҳои муҳимтарини дастёб шудан ба ҳадафҳои рушди устувор аст. Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан дар мавриди танзими истифода ва сарфаи об, вазъи таъминоти ҳоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро бо оби полези бо сардори шуъбаи иқтисоди ва ояндасозии Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёри дар минтақаи Кӯлоб мутахассиси ҷавону болаёқат Давронов Сайдакрам , ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.
Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳаётро бидуни об тасаввур кардан мумкин нест.
Баробари рушди рӯзафзуни иқтисодиёт, техникаю технология ва вусъати бемайлони соҳаи кишоварзӣ табиист, ки талабот ба обу обрасонӣ торафт меафзояд.
Оиди Барномаи соҳаи кишоварзӣ ислоҳот гузаронида шуда истодааст ва дар ассоси қарору супориши Раиси вилояти Хатлон ва директории Агенти беҳдошти замин ва обери назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон дар заминаи таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии инфиродиву оилавӣ бояд Ассотсиатсияи истифодабарандагони об таъсис дода, ба онҳо таҷҳизоти обченкунӣ гузошта шаванд. Иҷрои ин дастури Раиси вилояти Хатлон дар шаҳру навоҳӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва то ин дам чӣ қадар хоҷагиҳои деҳкони бо оби полези таъмин карда шуданд?
Бо ин саволи мо Давронов Сайдакрам-сардори Шуъбаи иқтисод ва ояндабинии ИБЗ ва ОК ба намояндагони ВАО маҳаллию Ҷумҳурияви посух дод:
- Бобати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба аз нав ташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Хатлон» ва бо мақсади таъмини соҳаи кишоварзӣ бо ташкили Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва таъминот бо оби полезӣ гурӯҳи кории ташкил гардид. Муаммоҳои асосӣ алҳол дар ассотсиатсияҳои созмондодашуда, ин ба ҳисобгирии шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, ба мувозина қабул намудани он, тартиб додани буҷети солона ва нақшаи истифодабарии обу ҳисоботи он ва мониторинг аст.
Давронов Сайдакрам ҳамчунин қайд намуд,ки Иттиҳодия дар якҷояги бо Идораҳои зертобеи худ дар шаш моҳи аввали соли 2017 оиди омодагии шабакаҳои обрасонӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, таъмири иншоотҳои гидротехникӣ, нуқтаҳои обченкунӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обдиҳии соли ҷори як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Аз он ҷумла:
Тоза намудани шабакаҳои обдиҳи:
Нақша – 132,0 км
Иҷроиши – 155,3 км
%-и иҶро – 112 %
Аз рӯи ичрошиши ҳаҷми кор бошад:
Нақша – 602,0 ҳаз.м3
Иҷроиш – 671,6 ҳаз.м3
%-и иҷро – 112 %-ро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо:
Нақша – 76,5 км
Иҷроиши – 96,6 км
%-и иҶро – 120 %
Аз руи иҶроиши ҳаҷми кор нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20 % зиёд мебошад. Тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳияи Фархор 31%- нақшаро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳисоби миёнаи Иттиҳодия хеле кам мебошад.
Таъмири иншоотҳои гидротехникӣ:
Нақша – 60 адад,
Иҷроиши – 60 адад,
%-и иҷро – 100 %.
Таъмири нуқтаҳои обченкунӣ:
Нақша – 61 адад,
Иҷроиши – 61 адад,
ичро – 100 %.
Таъмири дастгоҳҳои обкашӣ:
Нақша – 103 адад,
Иҷроиши – 98 адад,
иҷро – 95 %.
Дар таъмир намудани дастгоҳҳои обкашӣ кори базаи таъмириро қайд кардан қобили қабул мебошад. Гарчанде, аз ҷониби идораҳои зертобеъ маблағҳои иҷроиши кор бо пуррагӣ пардохт карда нашуда бошад, ҳам аз тарафи базаи таъмири дар таъмири саривақтии чархҳои корӣ ягон мушкилот ба миён оварда нашудааст.
Дар рафти иҷроиши чорабиниҳои тирамоҳу зимистона ҳамаи ноҳияҳо ҳисобкунакҳои барқиро пурраги васл намуданд.
Ҳаммаги заминҳои майдонҳои умумии оби – 85697 га.
Аз он ҷумла:
Заминҳои корами кишоварзи оби – 64742 га
Заминҳои шартномабастамешудаги – 61493 га
Заминҳои оби Боир – 1515 га
Заминҳои ҳолати мелиоративиашон баъд – 2749 га
Заминҳои бо сабабҳои зайл истифода нашудаанд дар соли 2017-ум 184,4 га.
а) Дар натиҷаи селоб зер карданд – 54,37 га.
б) Шуршави ва ботлоқшави – 85,29 га.
в) Нагузаронидани корҳои мелиоративи – 30,35 га.
г) Аз нав барқарор намудани шабакаҳои обёрикунанда – 14,39 га.
Бояд қайд намуд, ки Иттиҳодия бо Идораҳои зертобеъи худ шартномабандиро то саршавии мавсим бо Асосиасияҳои истифодабарандагони обҳо дар майдони 61493 ё 100 фоиз ба итмом расонид.
Дар минтақаи Кӯлоб дар шаш моҳи аввали соли 2017 33-адад АИО фаъолият намуда, майдони хизматрасонии онҳо 57563 гектарро фаро гирифтааст. Дар шаш моҳи соли ҷори аз тарафи АИО ба маблағи 1273618 сомонӣ пардохт шудааст. Бақияи қарзи АИО башад ба маблағи 7900541 сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки то ҳол муносибати кори байни шуъбаҳои дастгирии Идораҳои зертобеъ бо АИО-ҳо ба таври бояду шояд ба роҳ монда шудааст. Ба ин мисол шуда метавонад ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, ва Фархор, ки маълумотҳои лозимаро сари вақт пешниҳод наменамоянд.
Инчунин бояд қайд намуд, ки дар миқёси минтақаи Кӯлоб обшӯйкунии 428 гектар ва гирифтани оби захирави дар майдони 700 гектар ба нақша гирифта шуда, иҷроиши онҳо мутаносибан 428 ва 700 гектариро ташкил додаст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар миқёси минтақа беҳтар намудани ҳолати 763 гектар замини ҳолати мелиоративиаш ғайриқаноатбахш ба нақша гирифта шудааст. Аз он ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳалли – 643 гектар, аз ҳисоби ҳаққи хизматрасони об - 120 гектар. Ба ҳолати шаш моҳи аввал соли 2017 бинобар сабаби аз ҳисоби буҷаи маҳалли ҷудо нашудани маблағ нақшаи пешбинишуда аз ин ҳисоб иҷро нагардид. Аз ҳисоби ҳаққи хизматрасони об майдони 158 гектар беҳтар карда шуд, ки нисбати нақша 132 фоиз иҷро шуд.

Бақияи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасони ба 01.01.2017 сол 8 млн. 450 ҳаз. сомонӣ баробар буда, ба 01.07.2017 сол 9 млн. 771 ҳаз.сомониро ташкил медиҳад.
Дар шаш моҳи соли ҷори бошад ба хоҶагиҳои деҳқони ва АИО ба миқдори 179651 ҳаз. м3 об дода шуд, ки арзиши 2928863 сомониро ташкил медиҳад.
Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ дар шаш моҳи соли Ҷори ба 1 млн. 313 ҳаз. сомонӣ баробар буда, ба таври нақди 1 млн. 034 ҳаз. сомонӣ ба таври бартерӣ 228 ҳаз. сомонӣ ва ба таври ҳисоббаробаркуни 51 ҳаз.сомонӣ баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 433 ҳаз.сомонӣ зиёд пардохт карда шудааст. Танҳо ноҳияи Муминобод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳаз. сомонӣ кам пардохт намудаанд.
Дар шаш моҳи соли ҷори ба миқдори 67352,9 ҳаз.м3 об тавасути пойгоҳҳои обкаши бо оби полези хоҷагиҳо таъмин карда шуд.
Ҳамчунин оиди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расида ва дар баъзан минтақаҳо корҳо идома доранд гуфт Давронов Саидакрам.
Дар миқёси минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Идораҳои зертобеи минтақа корҳои соҳилмустаҳкамкуни барои ҳифз намудани маҳалҳои зист, заминҳои кишоварзии минтақа аз офатҳои табиӣ корҳо дар сатҳи зарури ба роҳ монда шудаанд. Бо мақсади пешгири ва рафъи оқибатҳои табиӣ дар соли 2017 бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори зерин маводҳои лозимаи сохтмони ҷудо карда шуданд.
Айни замон дар мавзеҳои хавфноки минтақа аз ҷониби идораҳои зертобеи Иттиҳодия, марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва инчунин бо дастгирии аҳолӣ, Ҷамоатҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо корҳои барқарорсозии ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кӯлоб ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Муминобод, Фархор гузаронида шуд, ки дарозии 4943 метр саддҳои хавф дошта барқарор карда бехавф гардонида шуд.
Барои беҳтар намудани шароити меҳнати кормандон дар қитъаҳои кори зиёда аз 22458 сомонӣ маблағ хароҶот карда шудааст. Инчунин ба маблағи 8420 сомонӣ кумак пулии модди ба ниёзмандон расонида шудааст. Дар нимсолаи соли 2017-ум дар Иттиҳодия ягон ҳодисаи нохуши истеҳсоли ва автомобили ба қайд гирифта нашудааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар Иттиҳодия ва Идораҳои зертобеъи он - 511 нафар коркунони муҳандисию техники ва коргарон кору фаъолияти менамоянд. Аз Ҷумла 59 –нафар занҳо, 47 нафар ҷавонон мебошанд.
Дар охир ҳаминро қайд карданиам, ки иттиҳодия дар якҷояги бо идораҳои зертобеъи худ ҳама қуввату ғайрати худро баҳри амали намудани Паёми Ассосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон мухтарам Гулмахмадзода Давлатшоҳ Қурбон ва сардори Агентии беҳдошти замин ва обери назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори ҳаррӯзаи карда ва нақшаҳои кори соли Ҷорӣ сафарбар мекунанд.

Шарифхон Тиллоев-рӯзноманигор

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: