Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ

Зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ

19-06-2018, 09:08
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ
Восеъ:-Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал бо сокинони деҳаи Кайнаҳри ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар он ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин деҳа мавриди барраси қарор гирифт.
Дар мулоқот мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат баромад карда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҳизб суханронӣ намуд. Инчунин оид ба суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид маълумот дод ва қайд кард , ки бо мақсади таҳкими ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил талош варзанд ва аз имкониятҳои истифоданагардида васеъ баҳра баранд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аъзову ҷонибдорони ҲХДТ аз иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ изҳори минатдорӣ намуда, барои таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳа якдилона овоз доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: