Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Буҷетикунонии барномавӣ дар Тоҷикистон

Буҷетикунонии барномавӣ дар Тоҷикистон

7-06-2018, 08:31
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
Буҷетикунонии барномавӣ дар Тоҷикистон

31 май дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» - ташкилоти ҷамъиятии «Хома»» баргузор гардида, мавзуи буҷетикунонии барномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба баррасӣ ва муҳокимаи аҳли маҳфил гузошт. Намояндагони парлумон, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, маркази тадқиқоти стратегӣ, роҳбарони қисматҳои барномаи «Дастгирии идораи молияи давлатӣ», васоити ахбори омма, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи иқтисод перомуни буҷетикунонии барномавӣ, ки дар ҷумҳурии мо падидаи нисбатан нав аст, маърузаҳо шунида, фикру андашаи худро баён намуданд.
Роҳандозии буҷетикунонии барномавӣ мувофиқ ба таҷрибаи кишварҳои рушдёфта ба сарфаи назарраси хароҷоти буҷет мусоидат намуда, он методологияи банақшагирӣ, иҷроиш ва назорати иҷрои буҷет аст, ки робитаи раванди тақсимоти хароҷот ва натиҷаи иҷроиши барномаҳои ҳадафманди стратегию иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакатро таъмин менамояд. Афзалияти ин тарзи буҷетикунонӣ шаффофият, назорат ва таъсирнокии тақсимоти захираҳо буда, дар он ба иҷроиш ва назорати натиҷаҳо диққати махсус дода мешавад.
Дар Тоҷикистон буҷетикунонии барномавӣ, ки ба натиҷа нигаронда шудааст, аввалин бор соли 2010 дар се вазорат – Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ карда шуда, хароҷот дар онҳо ба ҳадафҳои мушаххас тақсимбандӣ шуда буданд.
Дар маҳфил доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ коршинос оид ба масоили идоракунии молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинзода дар бораи «Ислоҳот дар идоракунии молияи давлатӣ ва татбиқи буҷетикунонии барномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дода, таҳлилгари Котиботи назди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Георгий Гридилян ва сардори шуъбаи банақшагирии буҷети соҳаи тандурустии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзигул Мирзоева мавзӯъҳои «Назорати парлумонӣ дар шароити татбиқи буҷетикунонии барномавӣ» ва ««Таҳияи буҷети соҳаи тандурустӣ дар асоси гуруҳбандии барномавӣ»-ро рӯнамоӣ карданд.
Дар охир директори ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова ба аҳли маҳфил барои иштироки фаъолона дар баррасии мавзуъ изҳори сипос намуд.
Хотирнишон бояд кард, ки мақсади маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли буҷет бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандию ВАО ва таъмини шаффофияти он аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ҷалби доираи васеи журналистон ба масоили буҷет, идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии ин мавзуи муҳими ҷамъиятӣ аз ҳадафҳои дигари маҳфил аст.
Н. Худойбахшов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: