Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 1 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

1 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

1-06-2018, 08:44
Хабарро хонданд: 502 нафар
Назарҳо: 0
1 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Тарбия аз кай оғоз меёбад?
Омодасозӣ
Вақте чунин суол: «Тарбия аз кай шурӯъ мешавад?» ба миён меояд, аксари мо бешак мисол овардани нақли зеринро дӯст медоранд:
«Ба назди Луқмони ҳаким ё Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино кӯдакеро меоранд. Мепурсад:
-Чандвақта аст?...»
Ва маълум он тарафаш. Чандин бор шунидем мо ин қиссаро ва маро маҷбур накунед, ки боз як бор онро пурра нақл кунам.
Дар дасти ман китобе ҳаст аз зану шавҳар -педагог ва равоншиносҳо Васютинҳо. Китоб соли равон (2011) чоп шудааст. Дар он оид ба тарбияи фарзанд қиссаҳои аҷоиб нақл шудааст.
Ҳамаи мо медонем, ки таваллуди кӯдак то андозае дар вазъи сахт мегузарад: ҳама чор тараф медаванд. Азобҳои таваллудхонаи имрӯзаро ҳамаи модарон медонанд ва равоншиносони зикршуда пешниҳод намудаанд, ки системаи нави таваллуд омода карда шавад. Дар мо чӣ гуна аст? Кӯдак вақте ба дунё меояд, ӯро ба модараш нишон надода, ё лаҳзае нишон дода гирён ба ҳуҷраи умумии кӯдакон мебаранд. Он ҷо бозори ғашу гиряи кӯдак аст. Оё кӯдак инро интизор буд? Магар дар шиками модар ӯро шароит беҳтар набуд?! Магар ин ҳамон биҳишт набуд, ки дар ин бора дар ҳар чор китоби осмонӣ нақл мешавад?
Лаҳзаи аз ҳама душвор буридани нофи кӯдак аст. Маҳз ин лаҳзаро олимон ба таври дигар таҷриба кардаанд. Набераашонро дар ванна таваллуд кунондаанд. Тифл лаҳзае аз паҳлуи модар ҷудо намешавад. Нофаш дар даруни зарфи обдор меистад. Рӯзи дуюм (то ба он вақт тифл ҳам аз ноф ва ҳам аз синаи модар ғизо мегирифт) нӯги ноф 5 см болотар хушк мешавад ва онро ба осонӣ бо даст мешикананд. Чунин тарзи буридани нофро духтури намоён З.Фрейд аз ҳама беҳтар ва манфиатовар донистааст. Тифлаки навзод лаҳзае аз модар ҷудо нест ва дилпур аст, ки ӯро ба ҷое набурдаанд ва напартофтаанд. Ҳоло ба қавли Васютинҳо Артёми ба ин усул таваллудшудаи панҷсолаи онҳо саломатии хуб дорад, инҷиқӣ намекунад ва ҳама чизро зуд ёд мегирад. Олимон ба хулоса омадааанд, ки сабаби минбаъд аз ҷиҳати рӯҳӣ носолим гаштани аксари одамон дар тарзи нодурусти пешвозгирии кӯдак аст. Равоншинос С. Гроф ба тарзи дақиқ исбот кардааст, ки ҳангоми таваллуд ва лаҳзаҳои аввали он ба кӯдак хоҳу нохоҳ шикастҳои ҷиддии рӯҳӣ расонда мешавад. Аслан гирем, гап дар ванна нест, тифлро бояд ба таври шоиста аз шиками модар ба дунёи рӯшан пешвоз гирифт. Шояд роҳҳои дигар ҳам бошанд ва дарёфт шаванд. Вале он усуле, ки имрӯз дар аксари таваллудхонаҳо роиҷ аст, нодурустии худро исбот намуд.

Фарзанд ширин аст
Баъди таваллуд ба дӯши падару модар масъулияти баробар вогузор мешавад. Албатта масъулияти модар бештар аст. Зеро кӯдак нахуст ӯро мешиносад ва қариб то сесолагӣ лаҳзае аз ӯ ҷудо шудан намехоҳад. Чи тавре гуфтем, барои фарзанд шахси аз ҳама наздик модар аст. Вале дуруст нест, ки аз кӯдак пурсем: «Отаатро дӯст медорӣ, ё очаатро?» Суоли бемаънист он ва кӯдакро гумроҳ мекунад.
Дар ин муддат ба зиммаи падар ва аҳли дигари оила вазифа гузошта мешавад, ки ба модару кӯдак шароит фароҳам оранд, онҳоро бо ғамхорӣ фаро гиранд.
Унсурулмаолӣ Кайковус дар «Қобуснома» мефармояд: «Эй, фарзанд, агар Худо ба ту фарзанде ато намуд, номи нек гузор, чунин яке аз ҳақҳои падар нисбати фарзанд ин гузоштани номи нек аст». Вақте ба фарзанд ном гузоштанӣ мешавед, нахуст кӯшиш кунед, ки меросӣ набошад. Нахуст ин такрористеҳсолкунӣ натиҷаи хуб ба бор намеорад, баъдан шумо намехоҳед, ки дорандаи номи наздикони худро дар вақти зарурӣ сарзаниш кунед. Ҳар як ном маъно дорад. Аксари мо шояд ба номҳои худ қаноат мекунем. Исбот шудааст, ки ба рӯҳияи инсон номаш таъсир мерасонад. Бинобар ин, ба фарзанд пеш аз ҳама номи зебо, имрӯза, бамаънӣ бояд гузошт. Ҳама чиз куҳна мешавад, ном ҳам. Аз ин рӯ, номҳои куҳнаю нофаҳморо ба фарзанд гузоштан камоли хирад нест.
Мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки баъзе ҳамдиёрони мо баъди калон шудани фарзандашон номи собиқи тоҷикии ӯро дигар карданӣ мешаванд. Ин нишони кӯҳнапарастӣ ва ифротгароӣ аст.
Акнун замони ба сухангӯӣ оғоз намудани тифл мерасад. Ҳама кор вақт дорад. Замонаш расад, тифл ба сухан медарояд. Табиат ҳама чизро дар ҷояш мегузорад. Вале ҳодисаи дигар низ рӯй доданаш мумкин аст. Воқеаеро нақл мекунам: кӯдаки ҳамсоя баробари ҳамсолонаш калимаҳоро дуруст талаффуз карда наметавонист. Ин падару модарашро ба завқ меовард, ба ҷои таълими дуруст бо забони кӯдак гап мезаданду изҳор медоштанд, ки фарзандашон ширинзабон аст. Бача панҷ-шашсола шуду дуруст гап заданро ёд нагирифт. Акнун ӯро табобат мекунанд.
Асосан кӯдак дар 9-18-моҳагӣ нахустин калимаҳоро талаффуз мекардагӣ мешавад. Баъзан дар сесолагӣ низ баъзе кӯдакон дуруст ҳарф зада наметавонанд. Саросема набояд шуд. Дар синни 5-6-солагӣ фарқият барҳам мехӯрад ва ҳама баробар мешаванд. Ҷисми ҳар кӯдак гуногун аст ва бо гузашти айём ҳама мушкилот аз байн меравад.
Падари дигаре фарзандашро таъриф мекард, ки дашномҳоро ёд гирифтааст. Акнун, ки тибқи қонун барои дар ҳузури кӯдак дашном додан, сухани ноҷо ба забон овардан ҷазои маъмурӣ муайян шудааст, чунин падарон чи кор мекарда бошанд. Магар камоли бемаънигӣ нест, ки марди калонсол ҳамагонро ба таври худ шариат меомӯзонад, вале дар ҳузури фарзандони болиғу ноболиғ аҳли оиларо аз як сар дашномҳои қабеҳ медиҳад ва ман шоҳидам, ки писари калонии ин марди худоҷӯ падарро бо ҳамон забон дашном медод ва ҳарду баробар ҳамдигарро носазо мегуфтанд. Одоб аз оила сар мешавад. Ҳамон қадар аҳли оила боодоб бошанд, кӯдакон низ дар чунин оила ботамкин, хушмуомила мешаванд.
Баробари ин, тарафи дигари масъаларо низ набояд фаромӯш кард. Аз ҳад зиёд боодоб тарбия кардан ба ҷисман ва рӯҳан солим тарбия ёфтани кӯдак зиён мерасонад. Чанд пушт пештар дар тамоми оилаҳои мардуми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тарбияи насиҳатомез, набаромадан аз чорчӯбаи муайян анъана буд. Фарзанд ҳуқуқи баёни фикрро надошт, онҳо бояд ба зиндагии калонсолон дахолат намекарданд. Акнун исбот гардид, ки дар кори тарбия ҳамон қадар гуманизм, унсурҳои демократӣ ҷорӣ гардад, ҷамъияти солим, дорои ғояҳои гуманистӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Агар дар вақташ бо кӯдак муносибати нағз карда бошед, дар пирӣ муносибати нек хоҳед дид.


Ҳасанҷон Шомуродзода,
Профессор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: