Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тошканд бо автобус рафтем

Тошканд бо автобус рафтем

24-05-2018, 08:46
Хабарро хонданд: 399 нафар
Назарҳо: 0
Тошканд бо автобус рафтем
Ёддошти хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» аз сафари Ўзбекистон
Нахустин автобуси мусофирбар аз автовокзали «Роҳи абрешим» - и Ҳуҷанд ба самти Тошканд саҳари 16 май ҳаракат кард. Аммо як рўз пеш аз он дар ин хати сайр аз Ўзбекистон ҳам як автобус бо ҳайати расмӣ ва гурўҳе аз мусофирон омад. Онро дар Хуҷанд бо садои таблу мусиқӣ ва рақс пешвоз гирифтем. Мо, гурўҳи хабарнигорони рўзномаҳову шабакаҳои телевизиониро бо даъвати Вазорати нақлиёт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати «Asian express» бо автобус то шаҳри Хуҷанд оварданд. Як бахши барномаи ин мусофират иштирок дар маросими истиқболи меҳмонони тошкандӣ ва пас аз он рўзи дигар сафар бо автобуси ин ширкат ба пойтахти Ўзбекистон буд.
Роҳ аз Душанбе то маркази вилояти Суғд ҳам дар хотири ҳар кадоме аз мо бегумон нақш баст, чунки ҳаракати ин гуна нақлиёти мусофирбари қариб 15 метра, ки 49 ҷои нишаст дорад, дар роҳҳои кўхистонӣ чандон кори сода набуд. Бориши борону резиши сангпораҳо дар рўзи сафар масири кўҳистонӣ, бавижа дар минтақаи ағбаи Шаҳристонро барои ҳаракати ҳар гуна нақлиёт вазнину хатарнок карда буд. Ҳолатҳое ҳам буд, ки аз резиши санг роҳ баста мешуд ва мусофирони нақлиёти аз ду тараф расида худ аз мошинҳо фаромада сангпораҳоро аз роҳ берун ва барои ҳаракат ҷодаро аз нав боз мекарданд.
Ана ҳамин ду автобусе, ки бо яке аз онҳо мо то Хуҷанд расидем, ҳамарўза бояд аз маркази Суғд ба Ўзбекистон мусофир кашонанд. Оғозу аввали ҳаракати ин автобусҳо аз як тараф автовокзали «Роҳи абрешим» (Хуҷанд) ва аз тарафи дигар автовокзали «Тошкент» хоҳад буд. Бино ба гуфтаи мақомот, аз ин ба баъд аз ҳар тараф рўзе ду автобус соатҳои 8 ва 12 ҳаракат бояд кунанд.
Мусофирон дар масири 175 – километрии Хуҷанд – Тошканд 4,5 соат вақт сарф хоҳанд кард. Билет аз Тошканд ба самти Тоҷикистон 50 ҳазор сўм ва аз Хуҷанд ба Ўзбекистон 50 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки сафар бо автобус нисбат ба рафту омад бо такси саргардонии камтар дорад, арзиши роҳкиро қобили қабул ба назар мерасад.
Марзбонон бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд
Чунин ба назар мерасид, ки бо дидани автобусҳои зебои ширкати олмонии «MAN» дар роҳ ба сўи марзи Ўзбекистон нафақат мардуми сокини маҳаллаҳои наздик ба сарҳад, балки марзбонони тоҷик ҳам хушнуд шуданд.
Муносибат бо ҳар яке аз мусофирон хайрхоҳона буд. Шояд ба ҳамин далел буд, ки ҳатто ҳодисаи иҷозат надодан ба зане аз ҳамроҳони мо бинобар пешниҳоди паспорти тоҷикӣ ва рад шудани хоҳиши аз марз гузаштан ҳам номаълум монд. Зани дигаре, ки бо ў якҷо буд, бо таассуф ба мо шарҳ медод, ки «Айби худаш, дар Хуҷанд ман ба ў гуфтам, ки паспорти хориҷӣ набошад, намегузоранд, вале ба гапам гўш надода якравӣ карду бо ман омад».
Пас аз гузаштан аз гузаргоҳи «Фотеҳобод» (Тоҷикистон) ягон сесад метр дуртар гузаргоҳи «Ойбек» - и Ўзбекистон буд. Инҷо ҳам бо меҳмоннавозӣ моро қабул карда, дар муддати кўтоҳ номҳоямонро дар компютер сабт карда, ба шиносномаҳоямон муҳри вуруд заданд. Ман дар аввал гумон кардам, ки фақат бо мо чунин як муносибатро раво мебинанд, ҳар чи ҳам набошад, як гурўҳи расмӣ будем, ки аввалин автобусҳои мусофирбари кишвари худро ба ҳамсоякишвар ҳамроҳӣ мекардем, аммо каме эътибор дода дидам, ки дар баробари мо ронандагони мошинҳои борбар ва мусофирони алоҳида ҳам ҳуҷҷатҳои худро ба осонӣ дуруст карда мегузаранд.
Пас аз чанд дақиқа мо аз марз гузашта вориди хоки Ўзбекистон шудем, марзе, ки солҳо рафту омад барои ҳам сокинони маҳаллаҳои ду тарафи хати сарҳад ва ҳам барои мусофирони аз роҳи дур омада гузаштанаш чандон осон ва сабук набуд, балки мамнўъ буд.
Сохтмонҳои оддӣ ва киштзорони сабз
Пас аз гузаштан аз марз нахустин чизе, ки ба чашм мехўрад, қабристоне аст, ки дар ёлаи канори роҳ воқеъ аст. Гўрҳо сари ёла батартиб ва ҷо – ҷо манзилҳои нав ҷой гирифта буданд. Аз рўйи одат болои аксари гўрҳо санг ва лавҳи ёдгорӣ гузоштаанд.
Табиату фазои пеширў дар ду тарафи роҳ пас аз биёбони бесамари ноҳияи Масчоҳ сабзу хуррам метофт. Байни киштзорон болои симчўбҳои оҳании хати барқ оғоз аз назди марз то чандин километр лонаҳои бузурги лаклакҳо ба назар ғайриодӣ менамуд. Сари аксар лонаҳо як ё чанд лаклак нишаста, дар фазои киштзорон ҳам лаклакҳои бисёре дар парвоз буданд. Нафаре аз ҳамроҳонам гуфт, ки ҳоло вақти бачабарории паррандаҳо аст ва лаклакҳо ҳам сари лонаи худ нишаста чўҷаҳояшонро аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ бонӣ мекунанд.
Ин манзараро ҳампаҳлўям хабарнигори рўзномаи «Ҷумҳурият» Маҳмадулло Табаров бо шавқ тамошо карда, бо оҳанги пурсиш гуфт: «Агар ин лаклакҳо дар Тоҷикистон ва болои киштзорони мо парвоз мекарданд, чи мешуд?» Ва худаш посух дод: «Албатта касоне онҳоро бо санг мезаданд».
Шояд як сабаби ба мардуми мо унс нагирифтану ром набудани паррандагон ва аз ҷумла ин ҷонварҳои зебо муносибати дурушти мо нисбати паррандагон бошад. Агар чунин намебуд, дар як шароити обу ҳаво, вале фақат он сўи марз пур аз лонаи лаклакҳост, вале ин сўи хат нишонае аз онҳо нест. Ҳини сафар ба Ўзбекистон донистам, ки яке аз чизҳои ҷолиб барои сайёҳони хориҷӣ макони зисти ҳамин паррандагони афсонавӣ будани ин кишвар аст. Яъне, лаклак ҳоло ба унвони «бренд» ё нишони тиҷоратӣ барои Ўзбекистон хидмат мекунад ва беҳуда ҳам нест, ки дар чандин бино ва аз ҷумла дар пешонаи яке аз дарвозаҳои Тошканд тандис ( тимсол ) – и ин ҷонварони зебову беозорро гузоштаанд.
Чизи дигари ҷолиби диққат киштзоронаш буд, ки дар ин мавсими рўйишҳо сабзу хуррам, нишоне аз заҳмати деҳқонон, ҳосили пурбаракат ва тазмини дастархони пури мардум буданд.
Дар маҳалҳои наздик ба марзи Ўзбекистон ҳам хонаҳои оддӣ зиёд аст ва аз ин ҷиҳат хеле шабоҳат ба манзили сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистон дорад. Аз сўи дигар, сохтмонҳои зиёди дар ҳоли сохту соз ҳам монандии ду тарафи марзро бештар мекунад. Дар аввалин километрҳои он сўи сарҳад мушоҳида кардам, ки аксари навиштаҳо болои биноҳои расмӣ ва фурўшгоҳҳо бо хати лотинӣ аст. Сарфи назар аз он ки Ўзбекистон ҳанўз соли 1991 (қариб 27 сол пеш ) ба хати лотинӣ гузаштааст, вале корбурди алифбои русӣ озод буда, то имрўз ҳар ҷо - ҳар ҷо навишторе бо русӣ ва англисӣ озод ба чашм мехурад. Монанди Тоҷикистон чунин навиштаҳо асосан эълонҳо ва ё болои нуқтаҳои хидматрасонӣ насб шудааст, ба монанди: «Срочно продаётся», «Замена масла», «Жалюзи», «Мягкая мебель», «Вкусно и недорого»…
Канори чанд бинои сокинони шаҳракҳо ғарами ғузапояҳо ҳам, ки як бахшашро истифода бурда буданд, ба назар метофт ва манзараи маҳалҳои Тоҷикистон дар даврони Шўравиро ба ёд меовард. Бо тафовут аз хоҷагиҳои мо кишоварзони ўзбек ҳоло ҳам пахтаро фаровон мекоранд ва баргу пояи онро дар зимистон ҳамчун маводи сўзишворӣ масраф мекунанд. Тавре маълум, дар Ўзбекистон соли гузашта зиёда аз 3,4 милион тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ кардаанд.
Рўзи сафар мо дар баробари киштзорҳои гандум, картошка лубиё, ҷуворӣ, гандум ва чандин навъи гиёҳҳои дигари полизӣ майдонҳои пахтаи наврўйидаро дидем, ки ҷо – ҷо тракторҳо култиватсия мекарданду дору мезаданд. Дар баъзе аз қитъаҳои замини ду тарафи роҳ занону мардони кишоварз каҷак шуда, бо каланд бехи ниҳолҳоро хушоба мекарданд.
Дар заминҳои хоҷагиҳо хўшаҳои гандумзорҳо расида буд ва шохаҳои дарахтони тути канори ҳота ва заминҳои киштро зада калак карда буданд, ки гувоҳи чун дар гузашта дар ин кишвар ривоҷ доштани кирмакпарварӣ аст. Боғҳои току зардолу ва себу гелос аз дигар манзараҳои диданӣ дар роҳи сафари мо буд. Дар маҳале наздик ба Тошканд аз пеши рў гармхонаҳои бешумор ва як боғи калони ба назари аввал беохири ниҳолҳои себи интенсивӣ баромад, ки навбунёд буд ва ба назар мерасид, ки аз замини байни ниҳолҳо ҳосили карамро ҷамъоварӣ кардаанд.
Агарчӣ Ўзбекистон худ тамоми навъҳои нақлиёт ва техникаи кишоварзиро истеҳсол мекунад, аммо дар ҷое ба чашм хурд, ки бинобар хурд будани майдони кишт, бо истифода аз хару омоч дар қитъае ҷўяк мекашанд.
Каме ақиб гашта дар мавриди гузар аз марз бояд чанд сухани илова мегўям, то дар зеҳни хонанда ин тасаввур пайдо нашавад, ки вақти гузар ҳама чи беназорат аст. Албатта пеш аз назорати марзбонҳо ҳар мусофир аз назорати кормандони гумрук мегузарад, чун мо бо худ чизе барои тафтиш надоштем, моро гумрукчиён ҳам мисли марзбонон «Хуш омадед! - Хуш келибсиз!» гуфта гузаронданд.
Аз рўйи нақшаи пешниҳодшуда автобусҳо дар ин роҳ пас аз берун шудан аз шаҳри Хуҷанд дар шаҳраки Бўстон (маркази ноҳияи Масчоҳ), дар гузаргоҳҳои «Фотеҳобод» (Тоҷикистон) - у «Ойбек»(Ўзбекистон), дар шаҳракҳои Бука, Нурафшон ва ниҳоят дар Тошканд ист мекунанд.
Дар дигар ҳолат тамоми маҳалҳои дар ду канори ин роҳи 175 – километриро бо суръат гузашта мераванд.
Автобуси мо ҳам пас аз 26 соли таъхир бо гузашти зиёда аз 5 соат аз шаҳри Хуҷанд - маркази вилояти Суғд нимарўз ба Тошканд расонд.
Як рўз пеш аз мо бо чунин як автобус 45 нафар, иборат аз намояндагони ниҳодҳои давлатии Ўзбекистон, кормандони фаннии ширкатҳои нақлиётии ин кишвар, сайёҳон, хабарнигорон ва 15 нафар мусофири оддӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон омада буданд.
Меҳмононро дар автовакзали "Роҳи абрешим"-и шаҳри Хуҷанд мақомоти вилояти Суғд бо раҳбарии Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилоят ва шумори зиёде аз сокинони маҳаллӣ, бо гулдастаҳо, нону намак истиқбол гирифтанд. Дар маросими пазироии меҳмонони Ўзбекистон таъкид шуд, ки бозкушоии хати сайри Тошканд-Хуҷанд, марҳалаи аввали барқарорсозии рафтуои мусофирбарҳо миёни ин ду кишвар аст ва дар ҳафтаҳои оянда хати сайри Тирмиз-Душанбе низ кушода мешавад. Дар ҷамъ миёни ду кишвар дувоздаҳ хати сайр барқарор мегардад. Бар асоси тавофуқи тарафҳо, ҳаракати автобусҳо хати сайри Тошканд- Душанберо аз Узбекистон ширкати "Манзара туризм" ва аз Тоҷикистон "Asian express" анҷом хоҳанд дод.
Султон Камолов, раиси нақлиётии ширкати "Asian express" он рўз дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ду автобус, соати ҳашти субҳ ва дувоздаҳи нисфирўзӣ аз Хуҷанд ба Тошканд ва ҳамин тавр ду автобуси дигар аз Тошканд ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони Шўравӣ дар ин масир то 12 автобус дар як рўз рафтуомад мекард. Мақомот дар ҳар ду кишвар умедворанд, ки бо гузашти вақт ва бо афзоиши шумораи хоҳишмандон ҳаракати автобусҳо ҳам бештар хоҳад шуд.
Солеҳ Юсуфов
(Давом дорад)





















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: