Бухоро бо автобус меравем22-02-2018, 08:35
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Аз суҳбатҳои вазири нақлиёти Чумҳурии тчикистон Худоёрзода Худоёр ин маъно баромад, ки дар ояндаи наздик робитаҳои заминӣ бо шаҳрҳои Ӯзбекистон бештар мешаванд. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон чанд бор таъкид кард, ки саросема нашавед, пас аз сафари ҳайати олирутбаи ҷумҳурии ҳамсоя ба раҳбарии Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи мо шоҳиди рӯйдодҳои муҳиме дар муносибатҳои дуҷониба хоҳем шуд. Ба гуфтаи вазир, дар бахшҳои гуногун лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши нақлиёту ҳамлу нақл байни ду кишвар таҳия ва аз сӯи комиссияҳои корӣ баррасӣ ва такмил шудаанд Аз ҷумла дар мулоқоту суҳбатҳои мақомоти соҳаи нақлиёти Тоҷикистон ва директори Агентии нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Даврон Деҳқонов мувофиқати садфоиза дар ин замина ҳосил шудааст. Дар лоиҳаи санади мазкур бандҳое дар мавриди кушодани хатисайрҳои заминӣ аз Душанбе, Хуҷанд Қӯрғонтеппа баТошканд, Деҳнав ва Термиз зикр шудааст. Худоёрзода гуфт, мавзӯи ҳаракати автобусҳо чанде пеш дар ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, мавриди баҳс қарор гирифт. Ҳаракати нақлиёти мусофирбарӣ ба шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон ба шумули Бухорову Самарқанд ҳам аз эҳтимол дур нест, ки дар гуфтушунидҳои оянда баррасӣ шавад. Мақоми вазорат ин нуктаро ҳам таъкид намуд, ки чанд протокол (тафоҳумнома) ҳам дар ин самт таҳия ва барои имзо омода гардидааст. Кушоиши роҳҳои заминӣ марбут ба он хоҳад буд, ки то кадом андоза гузаргоҳҳои марзӣ байни ду кишвар пас аз дубора боз шудан омодагии қабулу гузари мусофиронро хоҳанд дошт. Тавре дар нишаст қайд шуд, дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 гузаргоҳ мавҷуд аст, ки аксар солҳо фаъолият надоштанд, аммо дар ҷараёни сафари қарибалвуқӯи Президенти Ӯзбекистон ба Душанбе мавзӯъ ҳам дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор мегирад. Чунин ба назар мерасад, ки роҳҳои заминӣ оянда барои дубора барқарор шудани робитаҳои мардумони ду кишвар бештар мусоидат хоҳад кард, Зеро ба гуфтаи вазири нақлиёти кишварамон, бо гузашти қариб як сол аз оғози парвози ҳавопаймоҳо дар масири Тошканд - Душанбе фурӯши билету парвози мусофирон дар ин хатти сайр фақат дар ҳадди панҷоҳ фоиз будааст. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.