Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо медали биринҷӣ ба даст овард22-05-2018, 08:34
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми дзюдои Аврупо миёни ҷавонон, ки 19-20 май дар шаҳри Ла-Коруня Испания доир гардид, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни 73 киллограм дар марҳилаи аввал нахуст бар варзишгари Чехия Адам Будзовский, баъдан бар варзишгари мизбон Ҷавиа Ортиз Кабелло дастболо шуда, аз намояндаи кишвари Исроил Дин Яааков Гемер шикаст хӯрд. Варзишгари тоҷик муборизаро барои ҷои сеюм идома дода, Эту Ҳейнонен (Финландия), Анреа Спикуглиа (Италия) ва Орон Гинер (Исроил)-ро шикаст дод. Дар Ҷоми дзюдои Аврупо миёни ҷавонон 331 варзишгар (212 мард, 119 зан) аз 24 давлати дунё ширкат намуданд. Дар ҳисоби даставӣ Россия бо 8 медали тилло, 5 нуқра, 10 биринҷӣ ҷои аввалро гирифт. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Федеративии Германия бо 3 медали тилло, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Франсия бо 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 12-ум қарор гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.