Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон17-05-2018, 07:36
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
16.05.2018 18:18, шаҳри Душанбе Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд. Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд. Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом кӯчаву хиёбонҳои пойтахт -шаҳри Душанбе қабои идона дошт. Аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус, парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии ду халқи ба ҳам бародар, шаҳри Душанберо оро медод. Зимни ин сафари бобарор Александр Лукашенко бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир карданд. Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расид. Руйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистону Ӯзбекистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.