Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко29-09-2018, 12:25
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
29.09.2018 10:32, шаҳри Душанбе
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Дар суҳбати самимии сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз сатҳи хуби ҳамкории ду давлат дар доираи ИДМ ёдовар шуда, натиҷаҳои муваффақонаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ-ро дар шаҳри Душанбе боз як имконияти дигари таҳкимбахши ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд. Аз рушди бемайлони муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама сатҳу зинаҳо ва заминаҳои созгори ҳуқуқии онҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва доир ба дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат бахусус саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва робитаҳои илмию фарҳангӣ табодули афкори судманд сурат гирифт. Ҷонибҳо муҳимияти тақвияти робитаҳои доираҳои корию тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларусро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар комплекси агросаноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон таъкид намуданд. Барои татбиқи нақшаҳои таҳрезишуда вобаста ба коркарди муштараки маҳсулоти гушту шир, истифодаи имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус зарур шумурда шуд ва рафти татбиқи лоиҳаи муштараки бунёди боғҳои дарахтони мевадор дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин ба масъалаи густариши робитаҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ, таҳким ва тавсеаи фазои иттилоотӣ-фарҳангӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ, эҷодӣ ва ходимони санъату адабиёт ва баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои ҳамдигар, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.