Иршодгари сулҳу ваҳдат ва пуштибони илму маориф28-12-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 404 нафар
Назарҳо: 0
Дар даврони тӯлонии ҳастии инсоният ва мавҷудияти, миллату халқиятҳо ва қавму қабилаҳо бисёр наслҳое буданд, ки бо гузашти замон пароканда шуда, ба коми фано рафтаанд ва ё ҳаводиси таърихӣ, тохтутозҳои бемайлон номи онҳоро аз саҳифаҳои таърих ба нестӣ бурдааст. Мардуми ориётабори тоҷик дар давоми таърихи дароз тавассути забону фарҳанг ва сухани волову адабиёти оламшумул, суханварони мавзункалому фарзандони содиқи ватан ҳастии хешро нигоҳ дошта тавонист. Ва Худованд ин миллати тозадилу покниҳод ва ҷавҳарботинро дар тамоми даврони пурошӯб аз нобудшавӣ нигоҳ дошт, шахсиятҳоеро барои ин миллат ато фармуд, ки рамзи эътимоду ихлос ва арҷгузории оламиён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари дурандешу тадбирсоз дар баробари беҳбудӣ бахшидан ба соҳаҳои гуногуни зиндагонии мардумони кишвараш, ба баланд бардоштани сатҳу сифати маориф ва илм рӯ овард, ки далели хирадпешагии пешвои бедордилу некойин мебошад. Ин шаҳриёри тамаддунофар дар тамоми гузоришу маърӯзаҳои хеш маорифро самти афзалиятнок номида, омӯзгорро фурӯзонандаи чароғи дили мардумон ҳисобидааст. Ташкили вохӯриҳо бо зиёиёни кишвар, ҷавонони соҳибистеъдод, қадршиносии олимону соҳибназарони варзидаву ҷавон, бунёди фаровони макотиби оливу миёнаи махсус, коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир, ки бо тамоми технологияи замонавӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, далели гуфтаҳои болоист. Маҳз дар даврони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар дуртарин манотиқи кишвар бунёди макотиби замонавӣ, маҷмааҳои варзишиву фарҳангӣ ба роҳ монда шуда, духтарони кӯҳистонӣ тавассути квотаи Президентӣ ба хондан ҷалб карда шуданд ва шумори муҳассилини тоҷикистонӣ берун аз ҳудуди кишвар ба маротиба афзуда, толибилмони кишвари мо дар озмунҳо ва мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд, ки боиси сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори тамоми тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ аст. Мо бояд ба хидматҳои шоиставу беназири Сарвари давлатамон арҷгузорӣ намуда, ватани хешро самимона ва содиқона дӯст дорем, эҳсоси хештаншиносӣ ва ҳувияти миллиамонро боло бардорем, хештанро бо фарҳанг, хирад, одамият, некандешӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, дӯстдории марзу бум, садоқат ба кишвару сарвари он пероя диҳем. ©Маҳмадшо Маҳмадшоев, дотсенти ДДХ, ба номи Б. Ғафуров |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.