ИСТИҚБОЛ АЗ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ БО ҶАВОНОНИ СОЗАНДАИ ВАТАН3-05-2018, 15:00
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
ХАТЛОН. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои фарҳанги миллӣ, санъату анъанаҳои халқӣ ва ихтироъкорӣ ҷиҳати эҳё намудани суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ва тарбияи маънавии ҷавонон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Дастони моҳир» баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханронии роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Холов Диловар оғоз гардида, мавсуф бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии диёр ва ваҳдати сартосарии кишвар иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ табрик намуда, онҳоро ба касбу ҳунаромӯзӣ ҳидоят намуд. Дар чорабинии мазкур муҳасиллини муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, маҳсули дастони худро, ки аз расмҳо дар мавзӯъҳои гуногуни «Об-манбаи ҳаёт», «Табиати кишвари ман», навоварию ихтироъкорӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки барои сайёҳон ҷолиби диққат аст, ба намоиш гузошта буданд. Иштирокчиён аз намоишгоҳ дидан намуда, ба кори онҳо баҳои баланд дода, ба беҳтаринҳо Ҳошимова Юлдуз, Меҳробҷони Маҳмадюсуф ва Муҳабатов Саидакрам, ки дар ин чорабинии тарғибгари ҳунару истеъдодашон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд, бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.