Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷӯрабек Муъмин: «Ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан барои Бозор азиз буд…»

Ҷӯрабек Муъмин: «Ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан барои Бозор азиз буд…»

3-05-2018, 08:48
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Ҷӯрабек Муъмин: «Ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан барои Бозор азиз буд…»


ФАЙЗОБОД, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми ноҳияи Файзобод аз даргузашти шоири маъруф ва дӯстдоштаи халқи тоҷик Бозор Собир сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони шоир изҳори тасаллият мекунанд. Шоир ва рӯзноманигори шинохта Ҷӯрабек Муъмин, яке аз шогирдони Бозор Собир, мегӯяд, барои шахси ватандӯсту ватанпарвар аз Ватан дур мурдан осон набуду осон нест. Ҳар як зарра хоку ҳар як қатра оби Ватан барои ин шахсияти бузург бисёр азиз буд.

«Устод орзу мекард, ки дар Ватан ҷон бисупорад. Соли 2016 дар рӯзи таҷлили ҷашни забони давлатӣ устод Бозор Собир ҳамроҳи Гулрухсор Сафиева, Раҳмат Назрӣ ва Муҳаррама Шарифова дар шаби эҷодии Ҳабибулло Мирзошарифов иштирок намуд. Устод Бозор аз ашъори безаволаш шеърҳо қироат кард, ки мухлисону дӯстдорони шеър як ҷаҳон лаззати маънавӣ гирифтанд. Пас аз чорабинӣ низ чун ҳамешагӣ дар бораи муқаддас будани Ватану диёр ҳарф зада, гуфт, ки Ҷӯрабек, ман ҳамеша бо ёди ин гулу бутта, дарахт, обу хок ва табиати ин диёр дур аз Ватан мезистам. Ҳис мекунам, ки ин бори охирин ба Файзобод омадани ман аст. Устод Бозор шоири халқ ва миллат буд ва монд то ба охир тимсоли деҳқоншоири миллат», — иброз дошт Ҷурабек Муъмин.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: