Ҷараёни табобати Бозор Собир таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад9-04-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
07.04.2018 17:18, шаҳри Душанбе Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шоири шинохтаву маҳбуби тоҷик устод Бозор Собир бо сабаби беморӣ дар беморхонаи шаҳри Сиэтли Иёлоти Муттаҳидаи Америка бистарӣ гардидааст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дода буданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд. Инак тайи ду рӯз мешавад, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадамин дар паҳлуи бемор қарор доранд ва ба ӯ кумаку ёрии ҳамаҷониба мерасонанд. Як гуруҳ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба табобати бемор машғул буда, рафти табобат, ҳолати воқеӣ ва ҷараёни ба Ватан омадани Бозор Собир зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.