DataLife Engine > Варзиш > ҒАЛАБА МУБОРАК! «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Алай»-и Қирғизистонро мағлуб намуд

ҒАЛАБА МУБОРАК! «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Алай»-и Қирғизистонро мағлуб намуд


12-04-2018, 10:45. Разместил: admin ҒАЛАБА МУБОРАК! «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Алай»-и Қирғизистонро мағлуб намуд

Апрель 12, 2018 09:07

ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алай»-и Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бар дастаи «Алай»-и Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Ягона голи ин дидорро бозингари шинохтаи дастаи футболи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 48 ба ҳадаф расонид

Бояд зикр кард, ки вохӯрии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алай»-и Қирғизистонро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 8500 нафар мухлисон тамошо карда, ҳаловат бурданд.




Вернуться назад