Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » САМАРАИ ИҚДОМОТИ ДУ САРВАРИ МУАЗЗАМ

САМАРАИ ИҚДОМОТИ ДУ САРВАРИ МУАЗЗАМ

9-04-2018, 08:52
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
САМАРАИ  ИҚДОМОТИ  ДУ  САРВАРИ  МУАЗЗАМ

Имрӯзҳо сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази диққати тамоми мардуми ду кишвари бародар қарор гирифтааст. Тоҷикону ӯзбекон аз мулоқоти дӯстонаи ду сарвари муаззам, созишномаҳои имзошуда, боздидҳо аз намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ изҳори хурсандию хушнудӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари Шавқат Мирзиёевро сафари таърихӣ ва тақдирсоз арзёбӣ намуд.
Ба ин сафар мулоқотҳои қаблии роҳбарони фарзонаи кишварҳоямон дар чорабиниҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Эҳсоси масъулияти бузург ва корҳои амалӣ барои густариши дӯстию ҳамкории мутақобилаи мардуми ду кишвари ҳамсоя самараи дилхоҳ доданд. Дар соли 2017 тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 126 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин назар ба нишондиҳандаи соли 2015 зиёда аз даҳ маротиба зиёд аст. Ин тамоюл ҳоло идома дорад. Айни замон ба маблағи 170 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо баста шудаанд. Дар дигар соҳаҳо низ комёбиҳо ба назар мерасанд.
Боиси хурсандист, ки рӯз то рӯз муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон беҳтар мегарданд. Халқҳои ба ҳамдигар дӯсту бародар дар тӯли асрҳо робитаҳои наздик доштанд ва дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ дар асри 15 рамзи беҳтарини ин дӯстии безавол аст. Имрӯз наберагону аберагони ин ду шоири шаҳир дӯстиву ҳамгироиро азизу гиромӣ медоранд.
Расму ойин, анъанаҳои муштарак, иштирок дар маросимҳои шоду ғами якдигар халқҳои тоҷику ӯзбекро ба ҳам наздиктару қаринтар гардонидаанд. Ва ҳоло дар ҷаҳони муосир кам халқҳоеро ёфтан мумкин аст, ин қадар бо ҳамдигар наздику пайванд бошанд, то ин дараҷа ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром ва иззату икром намоянд.
Рӯзи 9 марти соли равон дар шаҳри Душанбе даҳҳо созишномаҳо ба имзо расиданд. Аз ҷумла байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти тадқиқоти стратегии ва минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум имзо шуд.
Дар ояндаи наздик ҳамкориҳои иқтисодӣ тавсеа пайдо хоҳанд намуд. Аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон алюминий, маводи сохтмон, нуриҳои минералӣ, ангишт, барқ, қолин, меваю сабзавот, нерӯи барқ содир хоҳад гардид. Аз Ӯзбекистон мо газ, нафт, мошину таҷҳизот, хӯрокворӣ ва либосворӣ ворид менамоем.
Дар ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент Шаҳритус савдои сарҳадӣ ташкил мегардад, ки дар онҳо ҳамсояҳо маводи заруриашонро бо нархи дилхоҳ дарёфт хоҳанд намуд.
Истифодаи захираи бузурги саноатии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба манфиати ҳарду кишвар аст. Бунёди корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, асбобҳои рӯзғор, коргоҳҳои коркарди алюминий бунёд менамоянд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро шоҳроҳҳои бузурги минтақавӣ ба ҳам пайваст менамоянд. Роҳҳои Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Хитой, Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Қиғизистон, Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва ғайра ҳарду кишварро ҳамчун кишварҳои транзитӣ байни Шарқу Ғарб муаррифӣ мекунанд. Роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба, ки аз нав ба баҳрабардорӣ супурда шуд, барои интиқолоти молу маҳсулот дар ду кишвари ҳамсоя нақши муҳим мебозад.
Аз ҷониби Ӯзбекистон паст гардидани тарифҳои хизматрасонии нақлиётиро мо як рамзи эҳтироми бародарона меҳисобем, ки самараи онро мардуми Тоҷикистон аллакай эҳсос намудаанд: маҳсулоти ҳурокворӣ, аз ҷумла орду гандум, биринҷ ва ғайра дар бозорҳои кишвар хеле арзон гардиданд.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бунёди роҳҳои оҳани қатораҳои зудҳаракат таҷрибаи хуб ҳосил кардаанд ва байни Тошканду Самарқанд чунин қатораҳо ба кашонидани бору мусофирон машғул ҳастанд. Чунин роҳҳои замонавиро ба кумаки дустони ӯзбек дар Тоҷикистон низ бунёд кардан мумкин аст.
Нақлиёти ҳавоии ҳарду кишвар ояндаи дурахшон доранд. Ҳоло байни Тошканду Душанбе масирҳои мустақим амал мекунанд, дар оянда ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд масирҳои нави парвоз ифтитоҳ мегарданд.
Ташкили масирҳои байналхалқӣ аз тариқи шаҳрҳои хориҷа -Тошканд, Самарқанд ва Душанбе барои мусофирон хеле қулай хоҳанд буд. Масалан, ҳозир ба Покистону Ҳиндустон ба Тоҷикистон мусофирон камтар сафар мекунанд. Минбаъд онҳо тавассути Ӯзбекистону Тоҷикистон, ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хитой парвоз хоҳанд намуд.
Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли «Рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Бо кушодашавии гузаргоҳҳо сафари гурӯҳҳои туристӣ ба ҳарду кишвар боз ҳам зиёдтар гардиданд. Дар ҷаласае, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон баргузор гардид, меҳмонони ӯзбек изҳор доштанд, ки соли гузашта шумораи туристони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон панҷ маротиба зиёд шудааст. Мавриди зикр аст, шумораи сайёҳони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.
Дар барномаҳои стратегии ҳарду кишвар рушди саноат ва содироти маҳсулоти саноатӣ ба кишварҳои Осиё пешбинӣ гардидааст. Бо ташкили ширкатҳои муштарак, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба рақобат тобовар ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод.

Манучеҳр Расулов,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегииии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: