Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда27-03-2018, 07:37
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
26.03.2018 23:50, шаҳри Душанбе Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кутоҳи транзитӣ кард, мулоқоти корӣ анҷом доданд. Сарони ду давлат муносибатҳои Тоҷикистону Полшаро баррасӣ карда, оид ба баъзе масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули андеша намуданд. Президенти Ҷумҳурии Полша Андрей Дуда ба Сарвари давлати мо барои пазироии гарм изҳори сипос карда, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.