Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Самараи фаъолият

Самараи фаъолият

25-12-2015, 11:34
Хабарро хонданд: 600 нафар
Назарҳо: 0
Самараи фаъолият
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси умумӣ бо иштироки кулли кормандон баргузор гардид, ки мавзӯи рӯзнома қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ фарогир буд.

Дар маҷлис Директори Муассиса Ҷамшед Ҷумъахонзода суханронӣ намуда, оиди зарурияти қабули қонуни мазкур андешаронӣ кард. Баъдан як қатор кормандони Муассиса доир ба қабули қонуни мазкур, хизматҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, қабули қонуни мазкурро зарур дониста, онро дастгирӣ намуданд.

Дар фарҷом гузориши ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки ба самъи Шумо муҳтавои онро пешкаш менамоем:

Муҳтавои гузориши
ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 9 декабри соли 2015, дар таърихи миллату кишвари мо боз як рӯйдоди фараҳбахше рух дод, ки барои мо шаҳрвандон муҳим ба шумор меравад.

Аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки бо талабу дархости бешумори шаҳрвандонамон пешниҳод шуда буд, орзуи деринаи мардуми кишварро ҷомаи амал пушонид.

Албатта, қабул намудани чунин қонун дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ талаби замон мебошад, ки мардум бо ақлу заковати худ тақдири имрӯзу фардои кишварашро бо дастони худ менависад.

Аҳамият ва манзалати қонуни мазкур пеш аз ҳама қадршиносӣ, арҷгузорӣ ба он хизматҳои арзандае, ки фарзанди барӯманди миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ободиву пойдории миллати тоҷик қаҳрамонона дар лаҳзаҳои мушкилу сарнавиштсоз намудааст, равона карда шудааст.

Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ва сидқан пуштибонӣ намуда, хизматҳои шоистаи ин марди накӯномро, ки баҳри озодӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангиву дунявӣ, асолати ҳуввияти миллӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъии тоҷикони ҷаҳон, бузургдошти осори ниёгон ва ҳастии миллати тоҷик ҷони худро дареғ надошта, дар рушди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва фардои гулгулшукуфоии миллати тоҷик содиқона анҷом медиҳад, дастгирӣ менамоед.

Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти бузургест, ки аз рӯзи аввали роҳбарияшон давлату миллате, ки хавфи парешонӣ ва парокандагӣ дошт, аз вартаи фалокат наҷот додааст. Ӯ аз оғоз барои миллати тоҷик Пешво буд! Ӯ бо азму иродаи қавӣ тавонист, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ мардумро дар атрофи худ, бо сиёсати хирадмандона муттаҳид намояд ва баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷони худро дареғ надошта, баҳри ягонагӣ, сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузорад.

Дар таърихи миллату халқиятҳои гуногун шахсиятҳои барҷаста бо корнамоиву ватандӯстӣ нақши муаззамеро дар сарнавишти халқи хеш барҷо гузоштанд. Эмомалӣ Раҳмон, низ яке аз он шахсиятҳое, ки дар байни миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун чеҳраи маъруф ва сиёсӣ пеш аз ҳама ба меҳру муҳаббати самимонаи халқ бо иродаи сулҳу ваҳдатофаринаш сазовори обрӯю эътибор ва эҳтироми миллат гардид.

Аз рӯзҳои оғози фаъолияти Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик, аллакай, дар симои ӯ пешвоеро медиданд. Пешвоеро, ки баҳри пойдорӣ ва рушду нумӯи кишвараш аз ягон кас ва ягон чиз на тарс дошту на ҳарос. Танҳо бо қалби саршор аз муҳаббат ба миллату Ватан, нангу номуси ҷавонмардӣ дар пеши худ ягон саддеро нагузошта, ҳастии худро барои Модар-Ватан, Тоҷикистони азиз бахшид.

Бо шарофати ин марди накӯном имрӯз дар ҷумҳурӣ корҳои ободиву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, рушди иқтисоди миллӣ бо суръат идома ёфта, мардуми тоҷик аз дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоянд.

Бо роҳбарии ин марди накӯном, Пешвои миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷумҳурӣ фазои сулҳу дӯстӣ ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, баробарии халқиятҳои гуногун, арзишҳои фарҳангиву суннатӣ ва дунявӣ, плюаризми сиёсӣ ва сиёсати дурбинонаи дохиливу хориҷӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон таъмин карда шудааст.

Он шахсият, ки миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид муаррифӣ намуд, иди миллии тоҷикони ҷаҳон «Наврӯзи оламафрӯзро» ҷаҳонӣ намуд, аз байни 500 нафар мусулмонони ҷаҳон «Беҳтарин мусалмон» эътироф гардид, бо Қарори академикии Шӯрои Аврупо бо унвони олии фарҳанги сиёсии ҷомеаи Аврупо «Пешвои Асри XXI» сарфароз гардонида шуд, Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки соҳиби обрӯву эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва боиси ифтихор ва сарбаландии тамоми тоҷикони рӯйи ҷаҳон мебошад.

Мо, Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат интихоб кардем, ки ба ин унвон ӯ худ зарурияте надошт. Вале мардуми шарифи тоҷик такя ба қонунгузорӣ, адолатпарастӣ ва қадршиносии фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои худро гузошта, ӯро дастаҷамъона «Пешвои миллат» интихоб намуд.

Имрӯз, роҳе, ки ӯ интихоб намуд, ба ободиву созандагӣ, бунёдкорӣ ва пешрафти илму фарҳанг, маориф, иқтисодиёт ва кулли соҳаҳои гуногун такони ҷиддие бахшид. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сохти конститутсонӣ, баргардонидани гурезаҳо аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя, хафъи силоҳ ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ хеле таҷассумгар аст. Имрӯз ин нақшаҳо бо азму иродаи нек ва қалби ватандӯстона ҷомаи амал пушиданд. Мо, аз он шодем, ки Пешвои миллати мо Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли додаи худ вафо кард ва мардуми кишвари азизи хешро боз ҳам барои ояндаи дурахшон раҳнамуд месозад. Баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ин аз он нақшаҳои калидии Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар амал татбиқ гардида истодаанд.

Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти имрӯзу фардои кишварро дар бар гирифта, дар ҳама самтҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангу мориф, иқтисодиёт, кишоварзӣ, саноати сабук, технологияҳои нав, энергетика, алоқа, сохтмон ва дигар ҷанбаҳои мухталифи ҷомеа пешравиҳо дида мешавад, ки ин ҳама аз шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таърих гувоҳ аст, он рӯзҳое, ки аз сари мардуми тоҷик гузашт ва аз саҳифаҳои таърихи ва мардумӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Нақши таърихӣ, сарнавиштсоз, корнамоиву далерии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар синаҳои мардуми тоҷик абадан ҷовид хоҳад монд. Мо, мардуми тоҷик ба ояндаи нек ва дурахшони кишвари азизамон Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллати худ Эмомалӣ Раҳмон боварии комил дорем. Амалҳои қаҳрамонона ва хизматҳои наҷибонаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллати тоҷик Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои зарин навишта хоҳад шуд.

Ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи нек ҷонибдори қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» мебошанд.

Ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: