Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бозёфти пораи чакан, ки ба асри 2 мелодӣ тааллуқ дорад, нишони қадимӣ будани ин навъи ҳунари мардуми тоҷик аст

Бозёфти пораи чакан, ки ба асри 2 мелодӣ тааллуқ дорад, нишони қадимӣ будани ин навъи ҳунари мардуми тоҷик аст

16-03-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Бозёфти пораи чакан, ки ба асри 2 мелодӣ тааллуқ дорад, нишони қадимӣ будани ин навъи ҳунари мардуми тоҷик аст


Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Миёни нигораҳое, ки дар Осорхонаи мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд, зимни тамошо яке аз нигораҳои беҳтарине, ки диққати ҳар тамошобинро ба худ ҷалб мекунад, ин пораҳои матои чакан мебошанд, ки дар натиҷаи тадқиқоти бостоншиносӣ соли 1973 аз оромгоҳи Тифоқи ноҳияи Фархор дастрас гардидаанд. Нигораи мазкур ба асри 2 мелодӣ тааллуқ дошта, яке аз нишонаҳои қадимӣ будани ин навъи ҳунари мардумӣ-чакандӯзӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоте, ки тармимгарон ба муаррихон пешниҳод кардаанд, дар болои ин матои чакан дарахти ҳаёт ва паррандаи симурғ гулдӯзӣ шудаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин пораҳои матоъ лаби домани курта ё лаби рӯймоли занона мебошанд.

Бо дарназардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти таҳқиқу таҳлили мардумшиносӣ дар илми ватанӣ минбаъд пурзӯр мегардад.

Осорхонаи мардумшиносӣ соли 1981 дар хиёбони И. Сомонӣ (собиқ Путовский)-и шаҳри Душанбе таъсис ёфта, дар бахши этнографияи тоҷикон аз зумраи калонтарин муассисаи илмии мардумшиносӣ маҳсуб мешавад. Соли 2007 Осорхонаи мазкур ба кӯчаи Академикон Раҷабовҳо кӯчонида шуд. Ҳафтаи сипаришуда пас аз тармиму таъмири ҳамаҷониба аз ҷониби ширкати «Фароз» осорхона боз ба мавзеи аввалааш баргардонида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: