Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 18-УМИ МАЙ РЎЗИ ҶАҲОНИИ ОСОРХОНАҲО

18-УМИ МАЙ РЎЗИ ҶАҲОНИИ ОСОРХОНАҲО

18-05-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
18-УМИ МАЙ РЎЗИ ҶАҲОНИИ ОСОРХОНАҲО
ОСОРХОНАҲО – МУҲИМТАРИН
ВОСИТАИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ

Воситаи муҳимтарини омўзиши таъриху фарҳанг будани осорхонаҳо гапи бебаҳс аст. Дар ин самт алалхусус осорхонаҳои ҷамъиятӣ нақши калон доранд. Зеро онҳо наздик ба мардум - дар мактабҳо, деҳаҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо ва ғ. фаъолият мебаранд. Таъсисдиҳандагону кормандони ин гуна осорхонаҳо одамони ташаббускору ҷамоатчиёнанд, ки дар асосҳои ҷамъияӣ, яъне бемаош кор мекунанд. Чун таърихи кишвар маҳз аз таърихи маҳал оғоз меёбад, ҳиссаи ин гуна осорхонаҳо дар раванди таърихомўзии ҷавонону наврасон бас муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро онҳо марказҳои воқеии омўзиши таърихи деҳаҳо, корхонаю муассисаҳо ва ҳаёту фаъолияти одамони номдору шуҳратманди маҳалҳо мебошанд.
Дар ин самт фаъолияти осорхонаи таъриху кишваршиносии рустои Сарбанд, ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон хеле арзишманд аст. Маъмурияти мактаби №14-и ноҳия, ки дар ҳамин деҳа воқеъ аст, бисёр кори хайру савоб ва ибратбахш намуда, барои ин осорхона як утоқи алоҳида ҷудо намудааст. Акнун, аз солҳои 70-уми асри XX аст, ки он на танҳо барои мардуми деҳа, мактабиён, балки барои таърихдўстони ноҳия, вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ ҳам хизмати шоиста менамояд. Олимон, таърихнигорон, кишваршиносон аз нигораҳои бас ҷолиб ва аҳамияти бузурги илмию таърихӣ доштааш истифода мебаранд. Хориҷиён, аз ҷумла кормандони ташкилотҳои байналхалқии дар Тоҷикистон фаъолият дошта низ аз дидани нигораҳои он баҳравар мешаванд ва дар бораи таъриху тамаддуни кишвари азизамон маълумоти зиёд пайдо мекунанд. Ман бо камоли масъулиятшиносӣ мегўям, ки нигораҳои ин осорхона ҷиҳати аҳамияти илмию таърихӣ ва фарҳангӣ доштанашон, аз ягон осорхонаи давлатӣ фарқ намекунанд. Аксарияташон ҳампояи нигораҳои осорхонаҳои Самарқанду Бухорою Хуҷанд, Панҷакент ва шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳастанд.
Дар хусуси нигораҳои қиматбаҳои ин осорхона маҷаллаи «Советский музей» ҳанўз соли 1983 мақола чоп карда, тарзи кору фаъолияти онро бо суратҳои ҷолиб дар тамоми Иттиҳоди Шўравӣ ва кишварҳои сотсиалистии ҷаҳон бо забонҳои русию англисӣ паҳн карда буд.
Осорхонаи ҷамъиятии рустои Сарбанд як навъ сарчашмаи таъминкунии осорхонаи вилоят бо нигораҳои қиматбаҳо мебошад. Ҳанўз замони таъсисёбии он - соли 1980, ин осорхона бисёр нигораҳои қиматноки худро барои ин боргоҳи таъриху тамаддун тақдим намуда буд. Вақте ки бо ташаббуси Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нав ва бас муҳташаму зебои осорхонаи вилоят сохтаю ба истифода дода шуд, ин осорхонаи ҷамъиятӣ боз ҳам ёдгориҳои худро пешкаши осорхонаи вилоят гардонид.
Ташббускори таъсисдиҳии ин осорхонаи ҷамъиятӣ, омўзгори фанни таърихи мактаби номбурда Бобоҷон Раҷабов мебошад. Он кас бо серкории хеш нигоҳ накарда, онро ташкил намуд ва дар ҷамъоварию ҷобаҷогузорӣ ва нигоҳдории нигораҳо хеле масъулиятшиносона амал кард. Бештари нигораҳои ин осорхона ва асоситаринҳояш аз вайронаҳои шаҳри қадимии Кушонқалъа (асрҳои II то мелод ва IV мелодӣ), ки дар мавзеи Ҳалқаҷар, - ҳамшафати деҳаи Сарбанд воқеъ аст, ҷамъоварӣ шудаанд. Дар ҷамъоварии онҳо худи Б. Раҷабов бо шогирдонаш саҳми бузург дорад. Нигораҳои ҷамъовардаю ба маъраз гузоштаи онҳоро мебинию дарк мекунӣ, ки:
- мардуми шаҳри бостонии Кушонқалъа то чӣ андоза зебопараст будаанд, зеро хурдтарин ва одитарин ашёи рўзгори эшон хеле нафису нозук гулкорию наққошӣ ва хотамкорӣ карда шудааст;
- бовар мекунӣ, ки водии Вахши имрўза замоне зери баҳр будааст. Зеро чандин намуд гўшмоҳиҳои санггаштаи дар ин махзани таърих дидаат инро исбот мекунанд;
- мефаҳмӣ, ки мардуми Кушонқалъа дар моҳидорӣ сайёдони пурҳунар будаанд, зеро даҳҳо намуд асбобу анҷоми қадимии моҳидорӣ инро гувоҳӣ медиҳанд;
- андешаат қавӣ мешавад, ки дар ҳақиқат замоне дарёи Вахш аз шафати ин шаҳри бостонӣ мегузаштаасту онро шодоб менамудааст ва заврақҳои пурбор рў-рўйи об шино намуда, то Ҷайҳун рафта меомадаанд;
- барои худ исбот мекунӣ, ки мардуми ин шаҳри бостонӣ соҳибтамаддун будаанд. Зеро шаҳрдоронашон барои онҳоро бо оби нўшокии пок таъмин кардан ва заминҳои киштро обёрӣ намудан аз қубурҳои гилии пухта истифода мебурдаанд;
- ба хулосаи умумӣ меоӣ, ки дини мардуми Кушонқалъа будоӣ будааст. Сокинонаш ба косибӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат, кишоварзӣ ва меъморӣ шуғл меварзидаанд…
Ман баъди бо таҳқиқ дидани нигораҳои пурқимати ин осорхона хеле фараҳмандона ба хона баргаштам. Пас бо умеде, ки шояд дар бораи Кушонқалъа маълумоти бештаре пайдо кунам, китоби «Тоҷикон»-и устод Б. Ғафуровро кушодаму дар бораи шаҳрҳои қадимии Осиёи Миёна маълумот ҷустам:
«Каналҳои қадимии давраи Кушониён… дар водии Вахш ёфт шуданд. Барои обёрӣ на фақат оби дарё, балки оби чашмаҳо низ, ки дар он давра, бешак, хеле бисёр буданд, истифода мешуданд. Масалан, дар шимоли водии Вахш заминҳо асосан аз канали дарёи Вахш об мехўрданд, вале якчанд манзилҳо, масалан, димнаи Ҳалқаҷари қарибии посёлкаи Уялӣ (ҷойи имрўзаи харобаҳои шаҳри қадимии Кушонқалъа. Ҳ. Ю. Ф.) аз дарё хеле боло ҷой гирифта буд, ки ҳозир ба заминҳои он ҷо фақат бо насос об мебароранд. Дар давраи Кушониён тамоми заминҳои ин манзилҳо аз оби чашмаҳои кўҳӣ шодоб буданд… ». (Б. Ғ. Ғафуров, «Тоҷикон», китоби I, саҳ. 213-214, Душанбе-1983).
«…Қасру кохи ҳокимон ниҳоят калон буда, дар болои ягон баландӣ сохта мешуданд ва дар атрофи худ девори мустаҳкам доштанд. Толорҳои васеи шифтбаланд бо муҷассамаву ҳайкалҳо ва нақшу нигори зиёд зинат дода мешуданд. Девори биноҳо одатан хеле ғафс буд…
Муҳандисони қалъасозии Осиёи Миёна комёбиҳои калон ба даст овардаанд. Деворҳои рахнанопазири қалъаҳо, ки онҳоро бурҷҳои овеза, садди мураккаби таги дарвоза ва тиркашҳои сершумор боз ҳам мустаҳкамтар мекарданд, санъати қалъасозии Осиёи Миёнаро ба дараҷаи беҳтарин санъати қалъасозии он давра боло бардошта буданд… (Б. Ғ. Ғафуров, «Тоҷикон», китоби I, саҳ. 215-216. «Ирфон», 1983).
Кӣ медонад? Шояд, қалъаю шаҳристони Кушонқалъа ҳам шабеҳи ҳамин қалъаю шаҳристонҳои тасвирнамудаи устод Б. Ғафуров буданд. Мо дар асри XXI ҳаргиз наметавонем бигўем, ки чунин буд. Аммо «чунин набуд» гуфта ҳам наметавонем. Лекин, яқин гуфта метавонем, ки ин қалъаю шаҳристонҳо бо назардошти зебоии атроф ва бехатарии табиӣ, дар баландиҳо ва лаби обу дарёҳо бо деворҳои ғафсу устувор сохта мешуданд. Яъне, ки аз ин ҷиҳат онҳо ба қалъаю шаҳристонҳои тасвирнамудаи устод Б. Ғафуров наздикӣ доранд. Худо кунад, агар замоне дар ин мавзеҳои таърихӣ ковишҳои бостоншиносӣ гузаранд, худамон ҳам набошем, набераю аберагонамон инро хоҳанд дид ва фаҳмид. Аммо, то он замон месазад, ки аз осорхонаи деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон ва даҳҳо осорхонаҳои дигари ҷумҳурӣ истифода барем ва таърихи пурғановат, пурифтихор, арзишманди халқу диёри азизамонро омўзем. Чунин амаламон дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ айни муддао мешавад.

Ҳасан Юсуфи Файзбахш.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: