Тонку тӯпҳои муосири Русия барои артиши Тоҷикистон24-12-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 477 нафар
Назарҳо: 0
Дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти Тоҷикистон раванди навсозии силоҳу техникаи ҷангии артиши Тоҷикистон тасреъ шудааст.
Масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти Тоҷикистон раванди навсозии силоҳу техникаи ҷангии артиши Тоҷикистон суръати бештар гирифтааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, рӯзи 24 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар марҳилаи аввали навсозӣ Русия ба артиши Тоҷикистон силоҳ, техника ва тӯпҳои муосир фиристодааст. Ҷаноби Маҳмадалиев гуфт, ҳамин тавр, дар наздики марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ки марзҳои ҷанубии Иттиҳоди кишварҳои мустақили ҳамсуд маҳсуб мешавад, мушакҳои зиддиҳавоии навъи “Печора-2” насб шудааст. Ин мушакҳо қодиранд, ки ҳадафҳои ҳавоиро дар фосилаи то 30 километр нобуд кунанд. Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, бар асоси мувофиқатнома бо Русия, дар сурати бурузи хатар ба манотиқи марзии Тоҷикистон аз самти Афғонистон ҳавопаймоҳои ҷангии пойгоҳи 201-и ин кишвари мустақар дар Тоҷикистон билофосила ба кумаки артиш ва нерӯҳои марзбонии тоҷик хоҳанд расид. Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо беш аз 6000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии он кишвар дар хориҷ ба шумор меравад. Дар авоили сол Маскав эълон кард, ки қасд дорад то соли 2020 шумори нирӯҳои пойгоҳи 201-ро то ба 9000 нафар расонда, таслиҳоти онро низ нав кунад. Душанбе дар соли 2012 замони ҳузури пойгоҳи Русияро дастикам то соли 2042 тамдид ва ин пойгоҳро аз пардохти пули иҷора озод кард. Навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумлаи ваъдаҳои Маскав дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201 буд. Русия дар бораи тезондани замони иҷрои ин ваъда рӯзи 23 декабр дар ҷараёни мулоқоти Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо, вузарои дифоъи Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав тааҳҳуд додааст. Шойгу ва Мирзо дар ин дидор вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон ва таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба амнияти Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сергей Шойгу гуфтааст, ки Русия тааҳҳудоти худ ҷиҳати навсозии силоҳу техникаи ҷангии Тоҷикистонро ба таври комил иҷро хоҳад кард. Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, Русия бо Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди бунёди шабакаи минтақавии зиддиҳавоӣ дар ин кишварҳо музокирот мекунад. Бино ба иттилои вазорати дифоъи Русия, феълан чунин шабакаҳои муштараки зиддиҳавоӣ (ПВО)-и Русия бо Белорус ва Қазоқистон фаъол буда, корҳои тадорукотӣ барои эҷоди чунин шабака дар Арманистон шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи Сергей Шойгу, Русия ахиран шабакаҳои ҷадиди зиддиҳавоии С-300-ро ба таври ройгон дар ихтиёри Қазоқистон гузоштааст. ©ozodi.org |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.