Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Духтаре, ки Русияро тасхир кард

Духтаре, ки Русияро тасхир кард

7-03-2018, 11:00
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Духтаре, ки Русияро тасхир кард
Ду ҳафта боз ному сурати Меҳрона дар сари забонҳо ва дар саҳифаи хушхабарҳо аз Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Як духтараки то ин дам танҳо барои наздикону ҳамсабақонаш ошноро ба туфайли ҳунарнамоиаш дар озмуни шабакаи НТВ (Русия) - «Ты супер!» («Ту беҳтаринӣ!») дар як шаб дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шинохтанд ва эътирофаш карданд.(Сабти сурудхонии ӯро ҳамакнун дар шабакаи Ютуб беш аз 150 ҳазор нафар ва дар topvideo.tj ҳам зиёда аз 5 ҳазор тамошо карда, баъзеҳо зераш назари худро навиштаанд).
Муассисони барномаи байналмилалии телевизионии мусиқии «Ту беҳтаринӣ!» мақсади озмуни телевизиониро пайдо, дастгирӣ ва ошно кардани навҷавонони бесарпараст ва фарзандони хонаводаҳои камбизоат эълон намудаанд.
Дар сайти ин озмун, ки барои ҳама дастрас аст, хабар дода мешавад, ки Меҳрона Ғайбуллоеваи 17 – сола барои иштирок дар рақобатҳои ҳунарӣ аз Тоҷикистон омадааст. Ин духтар дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва барои ширкат дар лоиҳа ӯро лозим омад, ки роҳи дарозеро тай кунад.
Модари Меҳрона Ғайбуллоева даҳ сол пеш бар асари бемории саратон даргузашта буд. Пас аз марги модар ӯ падарашро, ки як низомӣ буду рутбаи полковникӣ дошт, танҳо ду бор дида ва ба наздикӣ хабар ёфт, ки вай ҳам сактаи дил шуда ин ҷаҳонро падруд гуфтааст. Аз хурдӣ Меҳрона ва хоҳараш Иродаро холааш ба тарбияи худ гирифт, аммо ҳамзистӣ дар оилаи бузурги онҳо дер давом накард. Ним сол пеш Меҳрона аз хона рафт ва аммо акнун ӯ як орзу дорад: ба назди холааш баргашта, ӯро ба оғӯш бигирад ва барои густохиҳояш бахшиш бихоҳад.
Созмондиҳандагони барнома бо меҳр иқрор шуданд: Меҳрона Ғайбуллоева гӯё бо худ порае аз офтоби Тоҷикистонро овард. Ӯ дар саҳна медурахшид ва чун таронаи «Дигар ранҷе нест» («Драмы больше нет») –ро иҷро кард, ҳамаи чор довари сахтгир ба ӯ бедудилагӣ баҳои мусбат ва сазовор дода, барои иштирок ва ҳунарнамоӣ дар давраи дигари рақобатҳо барояш барор хостанд. Игор Крутой, ҳунарманди машҳур ва аз оҳангсозони шумораи аввали Русия, ки дар қиёс бо дигар доварон нисбати ҳунармандони наврас ва баҳогузорӣ ба ҳунари иштирокчиён сахтгир аст, аввалин шуда тугмаи сабзро пахш кард ва ин ба маъное буд, ки вай бо тамоми вуҷудаш ба ҳунари тоҷикдухтар қоил аст. Се довари дигари озмун – Виктор Дробыш, Юлианна Караулова ва Сергей Лазарев низ дар ҳоле, ки як муъҷизаро дар саҳна дида буданд, бо камоли хурсандӣ ва ҳаяҷон ӯро ҳимоят карданд.
Таронаи иҷро кардаи Меҳронаро дар саҳнаҳои телевизионӣ ва барномаҳои ҳунарии Русия то ин дам Полина Гагарина, яке аз ҳунармандони эътирофшуда дар ин кишвар иҷро мекунад ва доварон ҳам ҳунари сурудхонии ӯро дар иҷрои ин оҳангу таронаи мураккаб қиёс карда, овози Меҳронаро қавитар ва дар баъзе аз мавридҳо ғайриинтизор моҳиронатар дар риояти нозукиҳоҳояш донистанд.
Барномаи «Ту беҳтаринӣ! Барои мадад ба дастпарварони мактаб – интернатҳо ва бачаҳои «детдом» сохта шудааст ва акнун дар саросари Иттиҳоди Шӯравии собиқ мухлисон дорад, чунки довталабони озмун то ба ҳол аз ҳамаи ин кишварҳо ва инчунин аз Олмону Сурияи ҷангзада омодаи ҳунарнамоӣ ҳастанд.
Меҳрона Ғайбуллоева, ҳоло донишҷӯи курси 1-уми шуъбаи овозхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов аст.
Муовини директор оид ба таълими Коллеҷи номбурда Баҳром Назаров дар суҳбат бо мо гуфт: «Меҳрона Ғайбуллоева бо садои дилнишин ва лаҳни гуворои худ аҳли толорро мафтун намуда, баҳои баланди доваронро ба даст овард.Боиси ифтихор аст, ки ин шабакаи телевизионии Русия имкон фароҳам кард то ҳунарнамоии ӯро дар тамоми дунё тамошо намуда, аз ҳунари воло ва санъати баланди ин духтари тоҷик бохабар гарданд.
Ба гуфтаи Б. Назаров, интихоби довталабон дар Тоҷикистон барои «озмуни «Ту беҳтаринӣ!» аввалҳои декабри ҳар сол дар Сафорати Русия баргузор мешавад. Меҳрона ҳам се соли ахир дар ин озмун иштирок намуда, ҳар бор маҳорати худро нишон медод. Ӯ соли гузашта билохира ба озмун роҳ ёфт.
Тавре худи Меҳрона гуфт, ӯ бештар ҷаз (навъи ҳунари баҳамомадаи фарҳангҳои аврупоӣ ва африқоӣ – бадеҳахонӣ, ритм ва суръати ноҳамвори оҳанг) мехонад. Овозаш ҳам сопрано (ба забони итолиёвӣ ба маънои «баланд») аст. Барои мутахассисони соҳаи мусиқӣ маълум аст, ки сопрано се дарҷа дорад ва овози қаҳрамони мо дар дараҷаи 2 аст.
Дар даври аввали озмун 82 навраси 8-18 сола аз Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок ва фақат чанд нафар овози монанд ба Меҳронаро доштанд.
"Модарам беҳтарин буд"
Духтаре, ки Русияро тасхир кард
Меҳрона, ки аз хурдсолӣ аз модар ятим мондааст, хотираҳои зиёд надорад, вале мегӯяд, модараш беҳтарин буд ва ҳеч гоҳ касе натавонист ҷои ӯро бигирад. "Намедонам, дигарон чӣ мегӯянд, вале кӯдаки хушбахт будам. Хурд будам ва дарк мекардам, ки чӣ қадар модари ман беҳтарин буд. Модарам ҳар субҳ барои ман ширинӣ мехарид, инро фаромӯш намекунам", - ба ёд овард Меҳрона.
Баъди марги модар Меҳронаву хоҳарашро як муддат холашон парасторӣ намуд, баъдан онҳоро ба мактаб-интернат доданд, гарчанде тарбияи онҳоро холаашон ба уҳда дошт. Тавре худи Меҳрона мегӯяд, дар пайи як нофаҳмӣ аз хонаи холааш рафт ва муддате дар хобгоҳи мактаб зисту таҳсилашро идома дод. Пас аз синфи 9 – уми мактаб ба коллеҷи санъат дохил шуд.
Меҳрона нусхаи модар аст
Ба ин ду акс зеҳн монед. Дар яке модари Меҳрона – Барно Ғайбуллоева ва ҳамсабақи мо солҳои донишҷӯӣ акс ёфтааст. Ин аксро дӯстони ҳамсабақам пайдо карда ҳамроҳ ба мақолае, ки дар рӯзҳои пас аз маргаш навишта будам, дар ҳафтаномаи «Ҷомеа»(«Марг ҳамеша ногаҳон меояд», 21 августи соли 2008) чоп намуд.Чун ба тозагӣ он мақоларо аз дӯхтаи ин нашрия пайдо кардем, дар акси раҳматӣ нусхаи сурати Меҳронаро дидем. Порае аз он сӯгнома:
«Одамӣ ҳама ҳодисаро дар зиндагӣ интизор аст, ба ҷуз марг, хоҳ нобаҳангом бошад, хоҳ дер.
Чун ҳар бор хабари фавти нафареро аз наздикон мешунавем, аз умри амонат фикр мекунем, аммо боз ҳам худбоварем, ки марг агарчи имрӯз яке аз наздиконамонро бурд, бори дигар низ аз паҳлӯ моро нодида хоҳад гузашт.
Марги Барно Ғайбуллоева- журналист ва корманди созмонҳои иҷтимоӣ, ки фақат 2 ҳафта пештар ба синни 50 расида буд, барои хатмкардаҳои соли 1980-и факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳодисаи ҳушдордиҳанда ва ногаҳонӣ буд.
…Рӯзи ҷанозаи Барно –ҳамсабақи фарзонаи худ мо, ҷамъе аз ҳамдарсон ва ҳамкорон назди ҳавлии падариаш (дар маҳаллаи аэропорти куҳна) интизори расидани зуҳр ва ба масҷид бурдани тобут каноре нишаста ёдашро мекардему ҳама дар як чиз ҳамфикр будем, ки марҳум дар муддати панҷ соли таҳсил ва солҳои кор дар телевизиони Тоҷикистон шахсе буд, ки бо зеҳну фаҳми худ аз дигарон фарқ мекард.
Барно духтари шаҳр буд ва ҳар чи ӯ медиду медонист, дигар ҳамсабақони аксар аз ноҳияу русто омада, тасаввурашро ҳам шояд надоштанд. Бурди дигараш ин буд, ки забони русиро аъло медонист. Вай ба қавле як сару гардан аз дигарон боло буду ғарқаи ғурури ҷавонӣ.
Ӯ бо хислати хос, ба ҳар чиз диди худро дошт ва бархе аз ҳамкурсон ин одаташро то ҳадде нишони худбинӣ медонистанд, бехабар аз ин ки шояд дигареро дар радифи худ намедид. Дар нимаи дуюми соли якуми таҳсил ба факултет аз донишгоҳи Таллин (Эстония) як устод барои ду ҳафта омада ба мо дар мавзӯи фолклори мардуми финну карелӣ дарс гуфт. Ба хотир мондааст, ки Барно танҳо нафаре буд, ки бо ин устод бо русӣ вориди баҳс мешуд ва озодона табодули назар мекард.
Барнои мо ҳанӯз аз ҳамон солҳои донишҷӯӣ хислати ҳақталошию адолатхоҳӣ дошт ва мушоҳидаҳои баъдӣ нишон дод, ки ин дуро, ки акнун барояш одат шуда буд, дар солҳои кор дар ТВТ ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ «Каунтерпарт-Консортсиум», «ЮНИСЕФ» ва дигар ниҳодҳои хориҷӣ ҳам идома дод».
«Маро бубахшед, хола!»
Ин ҳам аз мусоҳибаи Меҳрона аст, ки мегуфт: «Зиндагӣ барои ман дар хобгоҳ писанд набуд. Одамони гуногуне бо фаҳму рафторҳои ҳархела онҷо мезистанд. Намехостам онҷо дер бимонам. Бинобар ин чун имкон пайдо шуд аз онҷо рафтам ва ҳоло бо хоҳарам дар хонае иҷоранишин ҳастем, парастор ҳам дорем, зиндагӣ ва шароити мо хуб аст. Бояд бигӯям, ки акнун холаамро беш аз ҳар вақти дигар дӯст медорам, дурӣ меҳрамро бедор кард…
Ӯ моро баробари дигар фарзандонаш ва ҳатто бештар аз онҳо дӯст медорад. Инро дарк кардам ва аз сидқ узр мехоҳам. Медонед, холаам ҳоло қариб ҳар рӯз занг зада, аҳволамро мепурсад».
Пас аз пирӯзияш нахустин нафаре, ки ӯ тамос гирифт ва табрикаш кард, ҳамин холааш буд, ин ҳам як нишонаи меҳри модарӣ аст.
Меҳрона мегӯяд, бо вуҷуди инки овозхониро аз хурдӣ дар мактаб оғоз кард, барои боз шудани роҳ ба сӯйи ҳунари овозхонӣ маркази дилхушии кӯдакон «Мадагаскар» низ мусоидат кардааст. Ӯ аз Нуриддин, ки дар ин марказ кор мекунад,аз акаи Ғафур ва аз Самир, ки бо гитор мехонад ва ҳам пианино менавозад, ба унвони шахсони кумакрасон сипосгузор аст. Ӯ бо дастгирии онҳо пас аз дарс дар чорабиниҳои фарҳангии ин марказ ҳунарнамоӣ ва гоҳе бо ин роҳ пул кор мекард. Ин ҷавондухтар аз дӯстонаш дар ин марказ изҳори сипос мекунад, ки ба ӯ дар зиндагӣ ёрӣ карданд ва акнун тавонист натанҳо аз номи худ, балки аз номи Тоҷикистон дар озмун ширкат кунад. Мегӯяд, зиёд мехоҳад дар ин озмун пирӯз шавад.
Бархурди назарҳо. Тафовут аз замин то осмон
Назарҳои гуногун дар мавриди ҳунарнамоии ин духтари ситорагарм дар саҳифаҳои интернетӣ навишта шудаанд. Дар як ҳафтаи аввал суруди Меҳронаро беш аз 150 ҳазор нафар тамошо карда, қариб 3 ҳазор нафар назари мусбат дода, танҳо 120 нафар ба таври манфӣ ва дар баъзе ҳолат ба сурати таҳқир чизе навиштаанд.
Аз сӯгномаи модар:
«Якрӯӣ ва содапарастӣ аз дигар хислатҳои Барно буд ва ҳамаи наздикон шоҳиданд, вай ҳеҷ замоне худро ороиш намедод, дар ҳоле ки ин чиро ҳамаи бонувон дӯст медоранд. Вай бо ҳамон ҳусни худодод ва қомати болои худ менозид. Аз афти кор рангубор, кӯшиши хушрӯйтар шуданро барои худ барзиёд медонист. Бо вуҷуди ин ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ на фақат ҳамкурсон, балки баъзе аз писарҳои курсҳои дигар низ ба Барно муҳаббат доштанд, вале ҷуръати баён намекарданд.
Шояд тақдир буд, ки ин ҳамсабақи нозанини мо тамоми умр ҷуфти муносиб, ҳамдилу ҳамнавое меҷусту пайдо накард. Ҳарчанд гоҳе мешунидем, ки дар охирҳои умраш бо нафаре издивоҷ кардааст, аммо ҳар бор рӯ ба рӯ меомад, авзояш гувоҳӣ медод, ки танҳост. Дар ҳамон рӯзи ҷаноза аз бародараш дар бораи лаҳзаҳои охири умри Барно пурсидам, ки хеле ба сахтӣ гузашта буд, ҳарчанд ҳангоми дидорҳои гоҳ- гоҳи сарироҳӣ шиква надошт, аммо ранги заъфарон ва ҷуссаи лоғаршудааш шоҳиди ҳолаш буд.
Бародари Барно, ки хеле ба ӯ монандӣ дошт, гуфт, ки ягон шаш моҳ пеш бемориаш бештар азобаш медодагӣ шуд ва дигар натавонист пинҳон дорад. Ташхисҳои дармонгоҳӣ мекард, вале табобати хонаро аз бемористон авло медонист. Вай, ки як нафари одӣ набуду ҳанӯз дар ҳамон даврони маҳдудияти шабакаи интернетӣ дар кишвар ба он дастрасӣ дошт, аз бедаво будани бемории саратон ҳама маълумотро медонист…
Чанд рӯз қабл аз марг вақте дар бистари беморӣ буд, аз Худо ин илтиҷоро дошт, ки ба умраш амон диҳад, то Меҳрона ва Иродаи дӯстрӯяк (фарзандони хоҳарашро), ки аз замони навзодӣ духтархонд карда буд, худ ба мактаб барад. Меҳрона ва Ирода он сол (2008) 7 –сола шуданду Барно ҳам барои духтаронаш ҳама ашёи лозими мактабро харида буд…
Марги Барно ин духтарони маъсумаро аз меҳрубониҳои модарона маҳрум кард… Дар рӯзи марг одамони зиёдеро дидам, ки ҳар кадом замоне бо ӯ ҳамкор буданд. Гурӯҳ- гурӯҳ аз ТВТ ва аз созмонҳои хориҷӣ омада буданд, то ба вай видоъ гӯянд ва пояи тобуташро бардоранд».
Корманди шоистаи Тоҷикистон,коргардон Ҳалим Сангин яке аз он нафарон буд. Пас аз чанд рӯзи пирӯзии Меҳрона ба ӯ занг задам ва назарашро хостам бидонам. Ӯ гуфт, ки солҳои ҳамкориашон дар телевизион духтарони Барно хеле хурд буданд ва ӯ намешиносад, вале аз хонаводаашон бародарони раҳматӣ Ҳасану Ҳусейнро медонад.
Бо ёдоварӣ аз Барно афзуд, ки ӯ дар миёни ҳамкорон бо интеллекти баланди худ фарқ мекард ва касе дар дарку фаҳми мавзӯъ баробараш набуд. Журналисти хасакӣ ва чи тавре ҳоло мегӯянд, «флешкаи одноразовый» ҳам набуд. Забон, сиёсатро хуб медонист ва як зани бофаҳму боодоби дунявӣ буд. Барномаи «Муҳаббат ва оила» -ро бо мазмуну шеваи тамоман нав таҳия кард. Камгап буд, вақте пушти мизи барнома назди микрофон менишаст, гумон мекардед чизе намедонад, аммо чун сабт оғоз мешуду ӯ ба сухан медаромад, мегуфту мегуфт. Ҳолатеро ёд надорам, ки барномаҳояшро дубора сабт карда бошем.
Ба андешаи ӯ, агар Меҳрона ҳам хулқу одоби модарро дошта бошад, дар пешаи интихобкардааш боз ҳам комёб мешавад.
Пирӯзии Меҳрона нишонаи ободии кишвар аст
Ёдоварӣ аз ҳамсабақам, Барно ва тавсифи духтари фарзонааш танҳо ангезае набуду нест, ки водор ба навиштани ин сатрҳо карда бошад. Аз Меҳрона бут ҳам сохтанӣ нестам. Ӯ бут нест, балки фақат як падида аст, ки арзиши ҳар гуна тавсифро дорад.
Меҳрона фарзанди даврони Истиқлол аст ва нишонаи ободии кишвар. Агар камтарин шароитро намедошт, мактаби русӣ ва ҳам мусиқиро ёд намегирифт, таронасароӣ ҳам намекард. Комёбии Меҳрона ҷавоб ба мунтақидон аст, ки аз дуру наздик ба давлати мо хурдагирӣ мекунанд, онро заифу нотавон нишон доданӣ мешаванд.Мо бар ин нестем, ки кишвар ва ниҳодҳо камбудӣ надоранд. Аммо бар ин боварем, ки сарфи назар аз каму костиҳо имконоте,аз ҷумла барои омӯзишу тарбия ва рушди навҷавонон мавҷуд аст. Суботу оромӣ аз муносибтарин дастоварде аст, ки шароитро барои нумӯи ҳар узви ҷомеа фароҳам мекунад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: