Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Идатон муборак бошад!

Идатон муборак бошад!

7-03-2018, 11:00
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Идатон муборак бошад!
Зан-модар гули бишкуфтабаҳори зиндагонист. Модар фариштаи меҳру муҳаббати ҷовидонӣ аст, ки аз гул хушбутар, аз моҳ нозанинтар, аз кӯҳ устувортар, аз офтоб пурнуртар, дилаш аз оби чашмагон софтар асту оғӯшаш дунёи розу ниёзи беканор аст.
Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуктаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст”.
Оре, модарон сазовори обу рӯ ва эҳтироми хоса ҳастанд. Модарону хохарони мо, худ баҳореро мемонанд ва маҳз ҳамин пайвандгариашон бо фасли баҳор аст, ки бо ин айёми гулбези табиат идашон тавъам омада...
Дар тинати шумо модарон покии дунё, дар нигоҳатон шарори гармии дидаафзо ва дар ниҳодатон садоқати беинтиҳо маҳфуз аст. Аз ҳусну ҷамолатон дидаҳо медурахшанд, дилҳо ба хуруш меоянд, шоирон шеър мегӯянд ва нигоҳҳо ба ҳам лағжида садоқату муҳаббатро эҳдо мекунанд…
Мусаллам аст, ки танҳо самимият ва меҳри шумо бонувон дунёро аз нестшави эмин нигоҳ медорад. Агар бо дидаи ибрат гулистони адабиётро ташхис диҳем, гулҳои меҳру ишқи шумо бонувон зеббахши он аст...

Идатон муборак бошад, бонувон ва модарони азиз!!!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: