Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ба «экотуризм» омода мешавад

Тоҷикистон ба «экотуризм» омода мешавад

21-02-2018, 10:26
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
 Тоҷикистон ба «экотуризм» омода мешавад
Мақомоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон 16 феврал дар нишасте бо хабарнигорон аз фаъолияти соли гузашта дар мавриди нақшаҳои имсола изҳори назар карданд.
Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси ин кумита аз ҷумла гуфт, ки мақсади асосии тадбирҳои таҳияшуда барои соли равон ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва рушди сайёҳат дар дохили кишвар аст.
Тавре зикр шуд, кумита дар ҳоли ҳозир дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, аз ҷумла соҳибкорони машғул дар бахши сайру сайёҳат лоиҳаҳои нав барои такмили зерсохторҳои зарур ба соҳаи туризмро таҳия мекунанд.
Ба гуфтаи ў, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаи «Шикорчӣ» дар ноҳияи Ховалинг, бунёди осоишгоҳ дар шаҳри Норак, муҷтамаъҳои сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон ба нақша гирифта шудааст.
Харидории автобусҳои нав, аз ҷумла автобусҳои дуошёнаи замонавӣ, сохтани меҳмонхонаҳои хурд ва туалетҳо дар сари шоҳроҳҳо ҳам дар нақшаи кумита аст. Бар асоси нақшаи ин ниҳод дар соли равон дар роҳҳои кишвар 45 туалет бунёд мегардад, ки аз он ҷумла 5 – тои он ҳамакнун сохта шудааст.
«Зерсохторҳои аввалияи сайёҳӣ дар ду давра бунёд мешавад, ки яке иборат аз сохтани туалетҳо буда ва дигар ҷойи истироҳати сайёҳон аст, ки ошхона, фурўшгоҳҳо ва истгоҳи нақлиёт ҳам хоҳад дошт.
Бино ба гузориши Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2017 430 ҳазору 922 сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд, ки 25 дарсад аз омори як сол пеш зиёд аст.
Тавре Абдуғаффорзода ёдовар шуд, тибқи нақша шумораи сайёҳони хориҷӣ дар се соли оянда бояд ба як миллион нафар бирасад.
Аммо ҳамзамон барои рушди одати сайёҳати маҳаллӣ ҳам иқдом мешавад. Аз ҷумла имсол бори аввал 50 нафар аз сўи ширкатҳои маҳаллӣ аз вилояти Хатлон ба Суғд ва ба ҳамин миқдор аз ин вилоят ба тамошои ҷойҳои таърихииминтақаи ҷануб фиристода шуданд.
Раиси кумитаи рушди сайёҳӣ ба саволи хабарнигори «МХ» дар мавриди истифода аз имконоти бахши кишоварзӣ ба монанди,соҳаҳои лимупарварӣ, зардолупарварӣ, гелос, хурмо ва ангурпарварӣ, ки дар мавсим барои ҳар хориҷӣ ҷолиб хоҳад буд, гуфт: «Таҷрибаи дигар кишварҳо дар ҳақиқат дар ин замина ҷолиб аст ва мо ҳам онро мавриди омўзиш қарор додаем. Дар ин замина мо хатҳои сайри мавсимӣ таъсис медиҳем ва сайёҳон ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рафта худ бо ҷараёни парвариш, нумў ва ҷамъоварии меваҳои Тоҷикистон шинос мешаванд Инчунин мо ташкили ҷашнвора (фестивал) – и Наврўзиро ҳам дар фасли баҳор барномарезӣ кардаем.
Тавре дар нишаст зикр шуд, дар ҳоли ҳозир шумораи бештари сайёҳони Тоҷикистон аз Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Украина ва Ўзбекистон ҳастанд.
Омўзиш додану тарбияи кадрҳо, аз ҷумла роҳбаладҳо ва гидҳо барои баргузории экскурсияҳои гурўҳҳои сайёҳӣ дигар аз мавзўъҳои мавриди баҳси хабарнигорон бо раҳбарияти ин кумита дар нишасти мазкур буд.
Солеҳ Юсуфов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: