
Санаи 2-юми Феврали соли ҷорӣ тибқи ҷадвали баргузории вохуриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шуадаст дар ташкилоти ибтидоии «Таъмиргар» вохурӣ доир гардид. Дар вохурӣ оиди самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак аз тарафи раиси мудири шуъбаи кор бо занону љавонон Муслима Ғуриева, раиси ташкилоти ибтидоии “Таъмиргар” Нуриддин Раҳимов ва мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иљроияи Ғафурзода Фирдавс баромадҳо карда шуд.
Муслима Ғуриева оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он баромад намуда сипас Ғафурзода Фирдавс оиди аз байн бурдани таассуби динни ва хурофотпарастӣ, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгири аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимои баромад намуд.
Инчунин Нуриддин Раҳимов оид ба паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд.
Мудири шуъбаитаблиғот
Иттилоот ва матбуоти КИ
Ғафурзода Ф.М
ҲХДТ дар шаҳри Норак