Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Саули Ниинистё дар интихоботи президентии Финландия ғолиб омад

Саули Ниинистё дар интихоботи президентии Финландия ғолиб омад

29-01-2018, 05:07
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Саули Ниинистё дар интихоботи президентии Финландия ғолиб омад

ДУШАНБЕ, 29.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти кунунии Финландия Саули Ниинистё дар интихоботи президентӣ баъд аз ҳисоби 100%-и овозҳо ғолибият ба даст овард. Чунин натиҷаҳоро рӯзи якшанбе Вазорати адлияи ин кишвар эълон намуд.

Тавре агентии ТАСС бо истинод ба Вазорати адлияи Финландия хабар медиҳад, рақибони Саули Ниинистё – номзад аз мухолифин «Иттиҳоди сабзҳо» Пекка Хаависто 12,4% овоз, номзад аз «Финландиҳои воқеӣ» Лаура Хухтасаарӣ 6,9% овоз, номзад аз ҳаракати интихобкунандагон Пааво Вяюрюнен 6,2% овоз, номзад аз ҳизби «Маркази финландӣ» Маттӣ Ванханен 4,1% овоз, номзад аз сотсиал-демократҳо Туула Хаатайнен 3,3% овоз, номзад аз «Иттиҳоди чап» Меря Кюлленен 3% овоз ва аз Ҳизби халқии шведӣ Нилс Торвалдс 1,5% овоз гирифтанд.

Натиҷаҳои ниҳоии тасдиқшудаи интихобот 30 январ нашр карда мешаванд. Маросими савгандёдкунии президенти нави Финландия рӯзи 1 феврал баргузор мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: