Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Варзиш – қосиди сулҳ!

Варзиш – қосиди сулҳ!

26-01-2018, 12:56
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Варзиш – қосиди сулҳ!
Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 25 январи соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби варзишии вилояти Суғд» бо иштироки намояндаи кумиҷроия Ёрматова Назокат Абдукаримовна мулоқот оид ба баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мавсуф иброз доштанд, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми навбатӣ - барномаи ҳидоятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош меварзанд, зеро Паём ҳуҷҷат ва дастурамалест, ки моро ба зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.
Маҳз бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш, ки чун рукни аввалиндараҷаи тансиҳатии мардум ба шумор меояд, ислоҳот ва навсозиҳои босуръат идома дорад.
Маркази варзишии вилояти Суғд аз иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат шукргузор буда, баҳри тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ҳамеша ва дифоъи марзу бум кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Музокирачиён самимият, ихлосу боварӣ ва тарафдории хешро оид ба иқдомҳои маънавиасоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар Тоҷикистон иброз намуданд.
Мулоқот бо музокираҳои мукаммалу густурда ба анҷом расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: