Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Рушди иҷтимоии мамлакат – кафили некӯаҳволии мардум

Рушди иҷтимоии мамлакат – кафили некӯаҳволии мардум

19-01-2018, 17:07
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Рушди иҷтимоии мамлакат – кафили некӯаҳволии мардум
Ироа гардонидани Паёми солона аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муждаҳое ба шумор меояд, ки пеш аз ҳама нек ва ҳумоюнист.
Мардуми шарифи Тоҷикистон Паёми навбати Пешвои миллатро барнома барои як соли ҳаёти озоду обод ва созандаи хеш муаррифӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу малакаи худро баҳри он равона месозанд, ки то мамлакат дар самти сулҳу оромӣ суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардид.
Ташаббусу иқдом ва ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаву сония мардумро ба болидахотирӣ, ором зистану фаъолияти шоиста бурдан раҳнамун месозад ва ин вижагиҳои зикршуда дар ташкилоти ибтидои «Мадад»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бараъало эҳсос мешавад.
Тибқи нақша – чорабиниҳои матраҳгардидаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ин навбат дар ташкилоти ибтидоит «Мадад» мулоқоти судманд доир гардид, ки бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба нуктаҳои мубарами Паём ибрози ақида намуд.
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзи молиявӣ аз 1 – уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд мешаванд
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба хисоби миёна то 15 фоиз зиёд карда мешавад.»
Ҳамзамон, ба нафар коркунони Раёсати агентии суғурта ва нафақаи вилояти Суғд шаҳодадномаи ҳизбӣ бо тантана супорида шуд, ки аз нуфузи бештар пайдо кардани ҲХДТ шаҳодат медиҳад.
Аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидои «Мадад» барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва бунёдкорона кӯшишу ғайрат намуда, барои обрӯи кишвари азиз саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: