Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маркази миллии қонунгузорӣ ба 130 лоиҳаи қонунҳо ва санадҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ дод

Маркази миллии қонунгузорӣ ба 130 лоиҳаи қонунҳо ва санадҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ дод

25-01-2018, 14:46
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Маркази миллии қонунгузорӣ ба 130 лоиҳаи қонунҳо ва санадҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ дод
Кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф намудани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба 130 лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ доданд, ки дар маҷмӯъ беш аз 700 пешниҳодҳоро дар бар мегирад.Дар ин росто, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти дар зарфи як сол анҷомдодаи Марказ 24 январ дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гузориш дода, гуфт, ки Маркази миллии қонунгузорӣ муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ буда, фаъолияти худро тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Марказ барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯъҳои «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Танзими ҳуқуқии электрокунонии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Ҳамзамон барои амалӣ намудани талаботи мавзӯи мазкур соли 2017 аз ҷониби кормандони Марказ 11 китоб: «Гражданско-правовое регулирование представления исключительных прав по договору коммерческой концессии», «Тадқиқоти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назорати миллии додани силоҳ ва матлаби мутобиқат ба муқаррароти шартномаи байналмилалии савдои силоҳ» маҷмӯи маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон», тафсири Қонун «Дар бораи муҳоҷират» ва китоби «Афкори хирадмандона оид ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои инсон» чоп гардиданд. Китобҳои мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудаанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки соли гузашта 160 мақолаи илмии кормандон дар нашрияҳои гуногун ба табъ расида, шумораҳои сеюму чоруми маҷаллаи илмию таҳлилии Марказ- «Қонунгузорӣ» нашр гардид.
Мавриди зикр аст, ки рисолати Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо нигаронида шудааст.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: