Р. Латифзода: Дар таърих ба кам шахсиятҳое муяссар мегардад, ки ҳамчун пешвои воқеии миллат шинохта шаванд9-12-2015, 13:30
Хабарро хонданд: 445 нафар
Назарҳо: 0
![]() “Бо мақсади рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ва комплекси агросаноатӣ барномаҳои махсуси давлатӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки ташаббускори онҳо маҳз Сарвари давлат мебошад. Сафарҳои Президенти мамлакат ба минтақаҳои гуногуни мамлакат ба ҳалли масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми деҳот равона шудаанд. Бо ташаббус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор 20 фоиз, кишти сабзавот 30 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд гардида, дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзор беш аз 54 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд шуданд. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба мушкилоти дохили кишвар, ҳамчунин ба мушкилоти ҷаҳонӣ низ ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Президенти Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 бо мақолаи таърихии худ дар рӯзномаи «Независимая газета», ки зери унвони «Қадри об аз нафту газ камтар нест» чоп шуда буд, оид ба бӯҳрони ҷаҳонии экологӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, расидан ба қадру манзалати захираҳои об ва нақши об дар таъмини рушди устувор диққати аҳли сайёраро ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ равона кард. Маҳз бо ташаббусу ибтикори Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли оби тоза» эълон шуда, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 - «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» эълон шуд. Имрӯз, сарони давлатҳои ҷаҳон, олимон, коршиносон ва мутахассисони соҳа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои ҷаҳонӣ дар баррасии масъалаҳои об эътироф кардаанд, ки ин боиси ифтихори ҳамаи тоҷикистониён мебошад, зеро чунин муносибат аз шуҳрати ҷаҳонӣ ва обрӯю эътибори баланди Эмомалӣ Раҳмон, намунаи ибрат дониста шудани тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мубрами на танҳо сатҳи миллӣ, балки минтақа ва ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад”, - гуфт Рустам Латифзода ва таъкид кард, ки: “Ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар масири таърихи инсоният ба кам шахсиятҳо муяссар гаштааст. Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созанда ва бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар дорад, аллакай ҳамчун Пешвои миллат шинохта шудааст. Нишонаҳои он - эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад, ки хизматҳои барҷастааш дар саҳифаи таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд”. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.