Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Барномаи рушди ҳаматарафаи иқтисодӣ – ҳадафи аслии Паём

Барномаи рушди ҳаматарафаи иқтисодӣ – ҳадафи аслии Паём

18-01-2018, 10:22
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Барномаи рушди ҳаматарафаи иқтисодӣ – ҳадафи аслии Паём
Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои хоҷагии халқи кишвар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамовозии ҳамаҷониба паёдо мекунад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон Паёмро чун нишондиҳандаи асосии самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ арзёбӣ намуда, онро чун дастурамали ҳидоятӣ сармашқи кору паёкори хеш қарор додаанд.
Бояд зикр камуд, ки ба Барномаи рушди иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар зиёда 5,3 млрд сомонӣ ҷудо шуда, барои ҳадафҳои созандаву бунёдкорона равона шудаанд. Ин шумора ба маҷрои рушди иқтисоди миллӣ тағйироти куллӣ ворид месозад.
Чӣ тавре дар Паём ироа гардид: «Соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 млрд сомонӣ баробар гардид.
Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 млрд сомонӣ расонида мешавад. Ҳамзамон, дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи Барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт».
Барномаи рушди ҳаматарафаи иқтисодӣ – ҳадафи аслии Паём
Ин ва дигар нуктаҳои мубрами Паёми навбатӣ дар мулоқоте, ки дар ташкилоти ибтидоии «Маркази савдои Ҳоҷиабдулазиз» ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Аҳророва бо коркунони Маркази савдо мавриди шарҳу тавзеҳ ва баррасӣ қарор дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: