Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳифзи тандурустии аҳолӣ – самти муҳими сиёсати давлат!

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ – самти муҳими сиёсати давлат!

16-01-2018, 10:37
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Ҳифзи тандурустии аҳолӣ – самти муҳими сиёсати давлат!
Бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад ба маблағи 1 млрд сомонӣ Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва Ҳукумати беруна амалӣ гашта, дар ин самт татбиқи Лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 млрд сомонӣ идома дорад. Бо ёдоварӣ аз ин тадбиру андешаҳои давлату Ҳукумат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатӣ зикр карданд, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шудааст.
Маҳз хамин масъалаҳо аз мавзӯъҳои асосӣ буданд, ки дар мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо аъзоён ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Стоматологияи вилояти Суғд» мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтанд.
Воқеан, - афзуд дар баромади хеш мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Зеварой Бобоева, - имрӯз табобати беморонро бе истифода аз таҷҳизоти саҳавӣ тасаввур кардан номумкин аст. Бо ин мақсад ҳамасола ба беморхонаҳои кишвар дастгоҳҳои замонавӣ ворид карда мешаванд. Метавон гуфт, ки имсол ин шумора зиёд хоҳад шуд. Аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон афзуда баҳри рушди ин соҳа хидмат хоҳад кард.
Ҳамзамон, собиқадори фаъоли ҲХДТ М.С.Муинова ва аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии КИШ ҲХДТ, устоди ДИС ДДТТ Г.Аҳророва ба музокира баромада, ҷонибдории худро аз Паёми Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта, нуктаҳои муҳими Паёмро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Стоматологияи вилояти Суғд» бар он ақидаанд, ки дар роҳандозӣ ва пиёда сохтани ҳадафҳои маънавиасоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош намуда, барои тансиҳатии мардум, алалхусус, дар самти дандонпизишкӣ ба муваффақиятҳои ноил хоҳанд шуд», иброз доштанд Раиси ташкилоти мазкур, духтури дараҷаи олӣ Умаров С.У.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: