Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

5-01-2018, 16:38
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 05.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 5 январ дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ оварда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз, 5 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ пешбинӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафтаи равон идома мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: