Таҷлили Рӯзи энергетикҳои тоҷик дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии НБО-и Норак21-12-2017, 09:43
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурофарон”бахшида ба Рӯзи энергетикаи тоҷик маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми ШСХК «Барқи тоҷик» Асозода Маҳмадумар Шамсулло, раиси шаҳриНорак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринитссо Гулмурод, аъзоёни Кумитаи иҷроия ҲХДТ-директорони НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович, Зоғаков Рустам Саидович бо иштироки 300 нафар аъзоёну ҷонибдорони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии нерӯгоҳҳои Нораку Бойғозӣ ва «Барқчиён» ширкат варзиданд. Дар бораи ба ҳисоб рафтани энергетика яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи энергетика Асозода Маҳмадумар Шамсулло, Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, Гулмуродзода Қумринитссо Гулмурод суханронӣ намуда, барқчиёнро ба рӯзи идашон табрик гуфта, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар хизмат намудан ба халқу диёр, ки вазифаи муҳими ҳар як корманди соҳаи энергетик аст, таманиётҳои беҳтаринро орзу намуданд. Дар маҷлис аз тарафи ШСХК «Барқи тоҷик», Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, НБО-и Нораку Бойғозӣ ва иттифоқи касабаи Нерӯгоҳи барқи обии Норак, бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр аъзоёну ҷонибдорони фаъоли ҳизб аз нерӯгоҳҳо бо Ифтихорномаҳо, нишони «Аълочии БарқиТоҷик» мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Мудири шуъбаи таблиғотӣ, иттилоот ва матбуоти Ғафурзода Ф.М Кумитаи иҷроияи |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.