Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун11-12-2017, 16:00
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
11.12.2017 13:23, Урдун
Дар доираи сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд. Урдун кишварест дар Ховари Миёна, ки аз шимол бо Сурия аз шимолу шарқ бо Ироқ, аз шарқу ҷануб бо Арабистони Саудӣ ва аз ғарб бо Исроил ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Урдун шаҳри Аммон аст ва шоҳигарӣ аз 12 музофот - Аҷлун, Ақаба, Уммон, Ҷераш, Ирбид, Маан, Мадаба, аз-Зарқа, ал-Балқа, ал-Қарак, ал-Мафрак, ат-Тафила иборат мебошад. Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун таърихи хеле қадима дошта, асосан аз мавзеъҳои таърихӣ, иншооти гуногуни қадима ва манзараҳои барои сайёҳон тамошобоб иборат аст. Шаҳри Аммон соли 1949 пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун эълон гардид, вале таъсиси он ба 7 ҳазор сол пеш аз милод рост меояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аммон Қалъаи Ситадел, Осорхонаи Урдун, маконҳои таърихии шаҳри қадимаи Петра, Баҳри мурда ва соҳили ғарбии руди Урдунро тамошо карданд. Урдун дар байни кишварҳои арабӣ яке аз мамлакатҳои дорои таърихи бою қадима мебошад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба шаҳрҳои қадимаи он зиёд аст. Бештар диққати одамонро Қалъаи таърихии Ситадел, шаҳри қадимаи Петра бо тарҳи меъмории нодир дар руи санг ва нигораҳои арзишманди осорхонаи Урдун, инчунин мамнуъгоҳҳо ҷалб мекунад. Баҳри мурда дар масофаи 35 километр аз шаҳри Аммон ҷойгир буда, бо хусусиятҳои шифобахшиаш машҳур аст. Қалъаи Ситадел ҳам яке аз ҷойҳои таърихию тамошобоб мебошад. Ситадел маънои девори қалъаро дорад. Ин ҷойро маркази Аммон ё дили шаҳр ҳам мегуянд. Дар қалъа вайронаҳои деворҳои қаср, боқимондаҳои маъбади Геркулес, калисои византия мутааллиқ ба асри 6, ҳудуди Ал Қаср мавҷуд аст. Дар Ал Қаср айни ҳол осорхонаи бозёфтҳои бостоншиносӣ фаъолият мекунад. Дар домани қалъа амфитеатр ҷойгир аст, ки рамзи Урдун мебошад ва он аз 44 қатор бо 7000 ҷойи нишаст бунёд шуда буд. Ғори Ал Каъф маъруф бо ғори асҳоби каъф дар қисми ҷанубии шаҳри Аммон ва шаҳри Петра - пойтахти қадимаи шоҳигарии Набатей низ, ки дар санг дар баландии 900 метр аз сатҳи баҳр беш аз 2 ҳазор сол пеш сохта шудааст, аз ҷойҳои таърихӣ ва машҳури Урдун мебошад. Шаҳри Петра ба феҳристи иншоотҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба руйхати яке аз ҳафт муъҷизаи олам ворид гардидааст. Шаҳр яке аз мавзеъҳои нодири ин кишвар ба ҳисоб рафта, то имрӯз толорҳои қадима ва амфитеатр, маъбад ва манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаҳои шаҳри қадимро дар худ бегазанд нигоҳ доштааст. Дар шаҳри Аммон ҳамчунин Осорхонаҳои анъанаҳои мардумии Урдун, мошинҳои шоҳӣ, тангаҳои қадима, осорхонаи ҳарбӣ бо яроқҳои гуногун, намоишгоҳ бо намунаи мусаввараҳои шарқӣ, қасри Омеядҳоро тамошо кардан мумкин аст. Дар Осорхонаи Урдун дастовардҳои илму технология дар самти дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ ва зироаткорӣ мавқеи хоса дорад. Дар ин ҷо дастгоҳе намоиш дода шуд, ки дар шароити хушкӣ барои таъмини заминҳои зироаткорӣ бо об аз ҳаво об истеҳсол менамояд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир нарасидани оби ошомиданӣ дар як катор қитъаҳои олам ба назар мерасад ва бинобар таъсири таъғирёбии иқлим оби баъзе дарёву баҳрҳо буғ шуда, аз байн меравад. Дар Урдун ҷиҳати пешгирии хушкшавии Баҳри Мурда дар масофаи наздики 200 километр барои барқарор кардани миқдори оби бухоршуда лоиҳаи бунёди қубури интиқоли об аз Баҳри Сурх таҳия шудааст. Мавриди зикр аст, ки талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва сиёсати ояндасози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои дар оянда рушд кардани кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, баҳри ҳалли мушкилоти норасоии об дар сайёра ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ равона гардидааст ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдории амиқ пайдо кардааст. Пас аз анҷоми боздид аз Осорхонаи Урдун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори орзуву таманниёти нек баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар дар китоби меҳмонони олиқадр имзо гузоштанд. facebook twitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.