Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздид аз Боғи ботаникии Прага ва Қалъаи Конопиште

Боздид аз Боғи ботаникии Прага ва Қалъаи Конопиште

2-12-2016, 14:12
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз Боғи ботаникии Прага ва Қалъаи Конопиште

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимаю таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи ботаникии Трояи Прага ташриф оварда, бо дарахтон, гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои нодири ороишию табобатии он шинос шуданд.

Боғи ботаникӣ аз якчанд қисм иборат буда, дар баробари парвариши набототи гуногун, он ҳамчунин ба як мавзеъи хушбоду ҳаво барои дӯстдорони табиат ва маҳалли тамошову истироҳати меҳмонону сокинон мубаддал гардидааст.

Ҳудуди боғ 70 гектарро ташкил дода, дар заминҳои талу теппа ҷойгир аст ва дар он парвариши беш аз 7000 навъи ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин дарахтони бисёрсолаву растаниҳои табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо боғи ботаникӣ ба навъҳои дарахтони бисёрсола, ороишӣ ва гулу буттаҳои ба иқлими кишвари мо мутобиқ бештар таваҷҷуҳ карданд. Таъкид гардид, ки барои табодули таҷриба дар самти парвариши ниҳолҳо ва набототи гуногун ҳамкории зичи олимони соҳа зарур аст.

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Прага ба Қалъаи таърихии Конопиште ташриф оварданд.

Қалъаи Конопиште дар асри 13 аз тарафи епископ Тобиаш бунёд шудааст. Охирон соҳиби қалъа дар аввалҳои асри 20 - ум вориси императори австрия Франтс Фердинанд д, Эсте буд.

Зимни шиносоӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии ҳудуди қалъа наздики 225 гектарро ташкил дода, аз боғи дарахтону буттаҳои нодир, боғи садбарг бо муҷассамаҳо иборат аст ва он аз ёдгориҳои қадима, таърихӣ ва фарҳангии Чехия маҳсуб меёбад. Масоҳати бинои дохили қалъа 2800 метри мураббаъ буда, аз 125 толору ҳуҷраҳои гуногунҳаҷм иборат аст. Дар Қалъаи Конопиште 4600 адад силоҳи гуногун ва лавозимоти ҷангии давраи асри 18 нигоҳ дошта шудааст. Инчунин 30 ҳазор адад асбобҳои рузгордории антиқа ҷамъ оварда шудааст. Дар маҷмуъ дар Конопиште беш аз 100 ҳазор нигораҳои нодир аз сайдҳои шикоршуда, зарфу асбобҳои хоҷагӣ, китобу дастхатҳо маҳфуз аст.

Боғи зебои англисӣ, колексияи ашёҳои фарфорӣ, оинабандии толорҳо, ашёҳои гуногун, мизу курсиҳо, аксу мусаввараҳои гаронбаҳо ва нигораҳои нодиру қимматбаҳои аслиҳаи шикории асримиёнагӣ дар ҳудуди Аврупо ва лавозимоти шикорӣ ба Қалъаи Конопиште шуҳрати таърихӣ овардааст ва он то имрӯз ҳамчун қалъаи нодир маҳсуб меёбад.

Баъди тамошои Қалъаи Конопиште бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни халқи чех Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: