Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гузориш аз Конференсияи илмӣ

Гузориш аз Конференсияи илмӣ

13-12-2017, 13:36
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Гузориш аз Конференсияи илмӣ
Ҳамасола аз санаи 25 ноябр то 10 декабр дар кишвар Аксияи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва паст намудани хушунат ва зӯроварӣ нисбати занон баргузор мегардад, ки аз ташаббус ва иқдомҳои хирадмандона ва ҳадафманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ин масоил ҳамеша дар мадди назари Ҳукумату давлат қарор дорад ва дигар нуктаҳои мубрам дар Конференсияи илмӣ – амалӣ бо зиёин, равоншиносон, фаъолзанони ташкилотҳои ибтидоии кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои духтарони КИ ҲХДТ – и ш.Хуҷанд, масъулони Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» мавриди баҳсу мунозира ва баррасии доманадор дар ҳошияи «Аз муҳаббат то хушунат як қадам!» баргузор гардид, ки бо сухани ифтитоҳии Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликислом Наим Мунаввар ба он ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф, баргузории чорабинии мазкурро дар ҳошияи «16-рӯзи мубориза авлайҳи зӯроварӣ нисбати занон» айни муддао дониста, аз ҷумла зикр дошт, ки бовуҷуди дар сатҳи давлат ва Ҳукумат як қатор қарору барномаҳо ба хотири беҳдошти занон рӯи кор омада бошад ҳам, ҳанӯз мушкилии асосии бонувон дар оила пеш аз ҳама зӯроварӣ нисбати онҳо мебошад. Ва имрӯз кумиҷроияи шаҳрӣ ба хотири боз ҳам тақвият бахшидан ба ин масоили мубрам тасмим гирифт, ки бо иштироки занони фаъол, рӯзгордида бобаргузории як чорабинӣ ин масъаларо матраҳ кунад.
Дар баромади пурмӯҳтаво ва доманадори котиби масъули «Шафақ» Абдусабур Абдуваҳҳобов зикр шуд, ки коршиносони масоили иҷтимоӣ се навъи хушунати хонаваодагироимрӯздар ҷомеа мебинанд. Аввал, хушунати равонӣ, дуввум иқтисодӣ ё моддӣ ва сеюм ҷинсӣ,ки мутаассифона ҳар кадоме ин хушунат дар рӯзгори мо «ҷойгоҳ»-имахсус дорад. Номбурда бо мисолҳои мушаххас гуфтаҳои болоро ба собит расонид. Бинобар гуфти ӯ аз рӯи маълумотҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» давоми 9 моҳи соли равон 1511 нафар бонувон бо мушкилоти хонаводагиашон ба ин марказ муроҷиат намуданд. Мавсуф пешниҳод кард, ки минбаъд семинарҳои омӯзишӣ бо ширкати мардон низ баргузор карда шавад, то онҳо дар бораи оқибатҳои нохуши зӯроварӣ аз забони коршиносн маълумот пайдо кунанд.
Дар ҳамоиши мазкур занони донишманд ва рӯзгордида Назокат Ёрматова, Наимахон Мӯъминова ва корманди масъули ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» Маҳфузахон Зиёбоева оиди масъалаи мазкур андешаҳои худро баён намуданд. Ба андешаи Наимахон Мӯъминова ҳалли масъалаи мазкур пеш аз ҳама бар дӯши падару модар вогузор аст. Агар дар оила ҳамдигарфаҳмию муносибати самимона пойдор бошад, падидаҳои номатлуб ногузир аз байн меравад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: