Таҳлили фаъолияти ташкилоти ибтидоии маҳаллаҳои Даштак ва Мусаффо28-10-2015, 11:00
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров, санаи 28 октябр, аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон Ҳоҷиев Ф. фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои Даштак ва Мусаффои минтақаи Унҷӣ мавриди таҳлил ва санҷиш қарор гирифт.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Даштак утоқи ҳизбӣ ба таври зарури муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар самти ҳуҷҷатгузорӣ баъзе камбудиву норасоиҳо ба назар расиданд. Гарчанде ҷаласаҳои ҳизбӣ дар асоси нақшаи корӣ доир гардад ҳам, маводҳои тасдиқкунандаи он мукаммал нестанд. Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Мусаффо низ утоқи ҳизбӣ мутобиқи талабот ороиш дода шуда, иҷроиши нақшаи солона таҳти назорат қарор дода шуда, соатҳои сиёсӣ мунтазам доир мегарданд. Ташкилоти ибтидоии мазкур дорои 55 нафар аъзои ҳизб буда, аъзоҳаққиро сари вақт пардохт менамояд. Таҳлили ҳайати сифатии аъзоён нишон дод, ки масъалаи қабул ба сафи ҳизб беҳбудиро мехоҳад, зеро дар давоми даҳ моҳи соли равон ягон нафар аъзои нав ба сафи ҲХДТ қабул карда нашудааст. Бобати ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта бошад, ёрии амалӣ ва методӣ расонида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, то санаи 10 ноябри соли равон муҳлат муқаррар карда шуд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.