Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа

Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа

23-10-2017, 11:01
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа


20 октябр дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд маҷлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:
1. Ҷамъбасти фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар нӯҳ моҳи соли 2017 оид ба иҷроиши қарорҳои Анҷумани XII ва конференсияи XII-уми КИВ ҲХДТ
2. Таъсиси комиссия оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Ҳисоботи комиссияи доимоамалкунанда дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои занон
4. Қабул ба сафи аъзогии ҲХДТ
5. Дида баромадани қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ҳизбии бо сабабҳои гуногун аз эътибор соқитгашта
Дар маҷлиси Раёсат ҳамаи аъзоёни он ширкат доштанд ва масъалаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиб дар давраи семоҳаи сеюми соли равон 195 нафар аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил гардиданд ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ карда шуд.
Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 16010 нафар аъзои ҲХДТ ва 217 адад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолият мебаранд.



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: