Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Якдилии мо Ваҳдати мост

Якдилии мо Ваҳдати мост

23-10-2017, 10:46
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
	Якдилии мо Ваҳдати мост
Дар ноҳияи Деваштич бо иштироки намояндагони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, Шуҷоат Ҳасанова, Мирзоаъзам Мақсудов ва Эгамзод Додохон бо иштироки як қатор намояндагони касбу кори гуногун бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Намояндагон дар суханрониҳо таъкид намуданд, ки беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи Ваҳдати мардуми тоҷиконро ба як мавзуи марказии сиёсати худ қарор додаанд. Дар мулоқоту вохуриҳо бо мардуми кишвар, дар суҳбатҳои хоса бо аҳли зиё, бо соҳибкорону тоҷирон ва бо деҳқонону коргарон аз Ваҳдат сухан мегуянду аз тинҷиву амони ва сулҳу субот, ки ин ҳама неъмати бебаҳост ҳарф заданд. Оиди Қонунҳои Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ андешаронӣ карда баҳри таълмиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи миллату давлат ҳастанд суханони баҳоят пурмуҳтаворо гуфта, барои ба исрофкорӣ роҳ надодан дар тӯйю маъракаҳо ва пос доштани фарҳанги миллиамон ибрози ақида намуданд. Дар охир барои мардуми ноҳияи Деваштич бурдбориҳоро таманно карданд.
Ҳамчунин намояндаи Шӯъбаи маорифи ноҳия Зебӣ Азимова барои иштироки меҳмононро ба ноҳияи Деваштич миннатдории ҳамагонро изҳор намуд.


Лоиқ Тӯйчв – мутахассис оид ба иттилооти умитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: