Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд

Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд

19-10-2017, 09:23
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид. Тавре Тимур Зулфиқоров ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маросими тақдими ҷоизаи Бунин 24 октябр дар Донишгоҳи гуманитарии Москва баргузор мешавад.

«Муддати чанд сол интизори ба даст овардани ин ҷоиза будам ва хушбахтона, ин рӯз насибам гашт»,-изҳор дошт Темур Зулфиқоров.

Бояд зикр намуд, ки «Қиссаҳои тиллоии ишқ»-и Темур Зулфиқоров гулчини ҳикояҳои ҳикматомези адиб буда, соли 2017 ба нашр расидааст.

Ҷоизаи ба номи Иван Бунин ба олимон, адабиётшиносон ва суханшиносони забони русӣ барои хизматҳои шоиста ва назаррас дар ҷодаи тарғиби фарҳанг ва пажӯҳиши илмию адабӣ супорида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи мазкур соли 2004 аз ҷониби Донишгоҳи гуманитарии Москва, Ҷамъияти дӯстдорони забони русӣ, Иттиҳоди муассисаҳои таълимии олии ғайридавлатӣ, Донишкадаи миллии тиҷоратӣ ва Донишкадаи санъати муосир таъсис дода шуда, соле як маротиба тариқи озмун супорида мешавад.

Темур Зулфиқоров моҳи августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Ӯ муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла «Рояли сафед», «Ошпаз ва овозхон», «Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад», «Мурғи сиёҳ», «Саробҳои ишқ», «Ишқи аввали Насриддин», «Бозгашти Хоҷа Насриддин» ва «Пешхидмат бо лаълии тилло» мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: