Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал ғалаба кард!

ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал ғалаба кард!

11-10-2017, 10:25
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал ғалаба кард!
ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чоруми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 бар дастаи мунтахаби Непал бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда, дар гурӯҳи F шумораи холҳояшро бо дастаи мунтахаби Яман баробар кард.

Бозӣ бо бартарии футболбозони тоҷик гузашт. Дар натиҷа муҳофизатгарони дастаи мунтахаби Непал ба фишори дастаи мунтахаби Тоҷикистон тоб оварда натавониста, се маротиба дар майдони назди дарвозаашон қоидаи бозиро дар муқобили ҳамлагарони мо вайрон карданд ва довари вохӯрӣ Моъуд Бунёдифард се зарбаи 11-метра таъйин кард. Нуриддин Давронов (дақиқаи 20-ум, 1:0), Парвизҷон Умарбоев (60, 2:0) ва Манучеҳр Ҷалилов (87, 3:0) тӯбҳоро ба нишон расониданд. Дар бозии дуюми гурӯҳи F дастаи мунтахаби Яман бо Филиппин қувва озмуда, вохӯриро бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод. Ин натиҷаи баробар ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкон дод, ки фарқи холҳояшро бо яманиҳо баробар намояд.

Ба ҳамин тартиб, бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман, ки 14 ноябр дар Тоҷикистон мегузарад, масъалаи ба бозиҳои финалӣ рафтани яке аз ин дастаҳоро маълум мекунад.

Дар таърихи футболи Тоҷикистон бори аввал дастаи мунтахаби мо дар як вохӯрӣ ба задани се зарбаи пеналтӣ сазовор шудааст.

Гурӯҳи F

ТОҶИКИСТОН– Непал – 3:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Парвизҷон Умарбоев, 60 – аз пеналтӣ (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 87 – аз пеналтӣ (3:0).

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (Искандар Ҷалилов, 46), Парвизҷон Умарбоев (Шериддин Бобоев, 80), Дилшод Восиев (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

Довар дар майдон: Моъуд Бунёдифард (Эрон).
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: