Таъсиси ташкилоти ибтидоӣ28-10-2015, 09:09
Хабарро хонданд: 401 нафар
Назарҳо: 0
Ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Дӯстӣ, ки ҳайати аъзоёни он аз 116 нафар иборат буданд, аз сабаби дурии масофаи байни маҳаллаҳои Дӯстӣ 1 ва Дӯстӣ 2 бо талабу дархости сокинони маҳаллаҳои номбурда, ба ду ташкилоти ибтидоӣ ҷудо карда шуд.
Санаи 27 октябр бо иштироки муовини озоди раиси КИИ минтақаи Хистеварз Ҷӯраева М. маҷлиси таъсисӣ доир гардида, мутобиқи қарори дахлдор дар маҳаллаи Дӯстӣ 1 ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, ба вазифаи раиси ташкилот ҷонишини директор оид ба тарбияи МТМУ№84 Бобоҷонова Муҳиба интихоб гардид. Айни замон дар ташкилоти мазкур 45 нафар аъзоёни ҳизб ба қайд гирифта шудаанд. Раиси ташкилот вазифадор карда шуд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ ҳуҷҷатгузорӣ ба роҳ монда шуда, утоқи ҳизбӣ ташкил ва ороиш дода шавад. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.