Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем…

Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем…

1-10-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 518 нафар
Назарҳо: 0
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем…Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар робита ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз усулу воситаи муосири пешбурди амалияи идеологию сиёсӣ корҳои тарбиявиро дар байни ҷавонон тақвият бахшида, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони маҳаллаҳо, ҷиҳати роҳнамоии ҷавонон ба ҳифзи Ватан ва хизмат ба халқу миллат тадбирҳо андешида дар ин самт рӯзи 1-октябр соли равон дар комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинӣ бахшида ба Рӯзи даъватшавандагон гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур оид ба ҳифзи Истиқлолият, пойдории сулҳу субот, якдиливу якдигарфаҳмии аҳли ҷомеа, ҳимояи марзу буми кишвар ва садоқат ба халқу Ватан таъкидҳо карда шуд.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҷавонони саодатманди кишвар бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд. Дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон масъулияти падару модар бояд назаррас бошад гуфта шуд дар чорабинии мазкур.
Бояд ёдовар шуд, ки дар рӯзи якуми даъват аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ 27-нафар ҷавонони ватандусту хештаншинос ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд.
Гусели наваскарон дар ҳузури падару модарон ва дигар шахсони расмии ноҳия дар фазои тантанавӣ ва гирифтани аксҳои хотиравӣ сафарбар карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар робита ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо комиссариати ҳарбии ноҳия дар ҳамкории зич буда, корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро бо сокинони ноҳия роҳандозӣ кардааст, ки натиҷаҳои хуб дода истодаанд.
© Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: