Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Минбаъд тамоми маросимҳои дафну азодорӣ бар асоси «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд

Минбаъд тамоми маросимҳои дафну азодорӣ бар асоси «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд

19-09-2017, 16:32
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Минбаъд тамоми маросимҳои дафну азодорӣ бар асоси «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои уламо рисолаи «Тартиби баргузории маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия карданд.

Рисолаи мазкур аз 9 боб иборат буда, минбаъд тамоми маросимҳои дафну азодорӣ бар асоси он гузаронида мешаванд. Дар саҳифаи аввали рисола омадааст, ки «он дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштааст».

Мувофиқи он, маросими азодориву таъзия дар ҷумҳурӣ бояд тибқи шариати мазҳаби ҳанафӣ, анъана ва маросимҳои ҳамаи халқҳои маҳаллӣ ва халқиятҳои Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида шаванд.

«Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия» тамоми амалҳо- аз лаҳзаи вафоти шахс то маросимҳои азодории ӯро дарбар мегирад. Мувофиқи тартиби нав, минбаъд дар маросимҳои дафн дод гуфтан, навҳа кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. Наздикони шахси вафоткарда танҳо ҳақ доранд гиря намоянд.

Инчунин ҳаққи қабрканон ва мурдашӯйро соҳиби маййит дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори дар маҳалҳо муайяншуда пардохт мекунад.

Тартиби нав ҳамчунин муқаррар мекунад, ки «шабона ҳеҷ кас дар хонаи мурдадор, ба истиснои фарзандон ва хешу табори наздик ҳуқуқи истодан надорад. Тибқи урфу одати мардуми кишвар дар маросими азо пӯшидани либоси сиёҳ манъ аст».

Инчунин занҳо ҳаққи ба ҷанозагоҳ ё қабристон рафтан надоранд.

«Баргузор кардани салоти ҷаноза тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе маҳ¬ду-дияти шумораи иштирокчиён сурат мегирад. Намози ҷанозаро сархатиб, имомхатиб, имомхатиби масҷиди панҷвақта бо тартибе, ки мазҳаби ҳанафӣ муқаррар намудааст, мехонад», — омадааст дар тартиби нави азодорӣ.

Илова бар ин дар китобча тарзи пӯшидани либос дар маросими азодорӣ дастур дода мешавад. Шахсоне, ки тартиби мазкурро риоя намекунанд, тибқи талаботи мақоми ваколатдор ба онҳо муҷозот муайян мегардад.

«Тартиби мазкур мувофиқи аҳкоми шариат, мутобиқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар фарди мусулмон пешниҳод шуда, иҷро гардидани он зарур ва амри воқеӣ мебошад»,- гуфта мешавад дар анҷоми матни дастур.

Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар ҳоле ба нашр расидааст, ки бар асоси тағйироти охир ба қонуни танзим тамоми маросимҳои азодорӣ дар кишвар бояд бидуни забҳи чорво гузаронида шаванд.

Тавре дар Маркази исломшиносии Тоҷикистон иброз намуданд, рисолаи «Тартиби азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо теъдоди 500 ҳазор нусха нашр гардидааст, ки он бояд ба омма дастрас карда шавад. Дар он тамоми маросимҳои азодорӣ бо шарҳу тафсираш оварда шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: