Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Самараи сарфакорӣ - ояндаи обод

Самараи сарфакорӣ - ояндаи обод

18-09-2017, 15:21
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
          Самараи сарфакорӣ - ояндаи обод
Дар ноҳияи Деваштич мулоқоту вохӯриҳо бобати шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида идома ёфта, чорабинии навбатӣ бо сокинони фаъоли Ҷамоати деҳоти Далёни Боло баргузор гардид.
Дар рафти мулоқотҳо доир ба сабабу шароитҳо ва зарурияти тағйироту иловаҳои дохилгардида сухан рафта, аз барориши ормонҳои мардумӣ будани онҳо қайд карда шуд. Гарчанде, ки аз амали қонуни зикршуда 10 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аксарияти мардум дар рӯзҳои аввали барои муҳокима пешниҳод намудани аввалин меъёрҳои қонун бо шубҳаву изтироб ва фикру ақидаҳои гуногун муносибат намуда, буданд нафароне, ки нисбати чунин сиёсат ва таҷрибаи қонунгузорӣ изҳори нобоварӣ карда буданд. Инак, пас аз гузашти даҳ сол ҳаёт ва таҷриба собит сохт, ки чунин иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сад дар сад барои ояндаи ободу осоиштаи сокинони кишвар нигаронида шуда буд. Чунин андешаро аксарияти сокинони дар мулоқот ширкатварзида баён дошта, ибрози хурсандӣ намуданд, ки тағйироту иловаҳои нави ба қонуни танзим воридгардида низ талаби замон ва басо саривақтӣ мебошад.
Баҳри тақвияти андешаҳои фаъолони Ҷамоати деҳоти Далёни Боло Рустам Ҷӯразода – раиси ноҳияи Деваштич ба сухан баромада, аз корҳои созандагию ободонии давоми даҳ соли охир дар ҳудуди деҳоти Ҷамоати мазкур роҳандозишуда мисолу маълумотҳои дақиқ оварда, аз сохтмону таҷдиди муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва иҷтимоиву маъишӣ ёдовар шуд.
Ҳамзамон Мухтор Фозилзода - ректори Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Зуфар Исмоилзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дӯстмурод Назаров – муовини сардори шӯъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди нишондодҳои иқтисодию иҷтимоии даҳ соли ахири мамлакат маълумот дода, аз нақши амал ва риояи меъёрҳои қонуни мазкур аз ҷониби аҳолӣ низ истода гузаштанд.
Дар хотимаи мулоқот иштирокчиён доир ба баъзе ҷабҳаҳои нави ба қонун воридгардида саволҳо дода, посухҳои дахлдор шуниданд.

Сарвар Саидов – роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: