Танзими анъана омили некӯаҳволии мардум19-09-2017, 13:41
Хабарро хонданд: 410 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан ва Муҷуни ноҳияи Деваштич мулоқоти гуруҳи корӣ бо роҳбарии ректори Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон – Мухтор Фозилзода ва аъзои гуруҳи тарғиботию ташвиқотӣ: Зуфар Исмоилзода ва Аҳмадҷон Қобилов – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дӯстмурод Назаров – муовини сардори шӯъбаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икром Абдуллоев ва Анвар Саидов – устодони кафедраи таърихи Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Ботурҷон Алимов – устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид. Гуруҳи тарғиботию ташвиқотиро раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода ва гуруҳи ташвиқотии ноҳиявию намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳӣ намуда, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи тағйироту иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида ва моҳияти онҳо суҳбатҳои оммавию инфиродиро роҳандозӣ намуданд. Ҳар як мулоқоту суҳбат дар руҳияи самимияту шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва осоиштагиву ободонӣ баргузор шуда, ҳар як фарди соҳибэҳтирому бо нангу ор аз қабул ва амалишавии қонуни зикршуда ибрози қаноатмандиву хурсандӣ менамуданд. Зеро тӯли даҳ соли амали қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим маданияти рӯзгордорию сарфу харҷи шаҳрвандон хело боло рафта, ҷараёни барпо намудану гузаронидани маъракаю маросимҳо хело сабуку бонизом гузашта истодааст. Ин шаҳодати он аст, ки акнун сокинони кишвари азизамон диққати худро ғайр аз сарф намудани манбаъҳои моддиву маънавии худ ба ҷашну маросимҳо, инчунин ба беҳбуд бахшидани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии оилаву хонаводаи худ равона сохта, насли худро дар руҳияи арҷгузорӣ ба анъанаву фарҳанги миллии тоҷикона тарбия менамоянд. Аз номи иштирокчиёни мулоқоту шунавандагони маърӯзаҳо чандин нафар ба сухан баромада, аз чунин ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодиву нишоти бепоёну сидқидилонаи худро иброз медоштанд, бахусус дар хотимаи мулоқот мисраҳои зерини шоири маҳаллӣ Зайниддин Қаландарзода садо дод, ки бо кафккӯбии пурмавҷ ҳамагон боз як ташаббуси созандаву ободкунандаи Пешвои миллатро истиқбол намуданд: Наҷми сари дунёи мо! Эй Сарвари бонангу ор, Дар роҳи ваҳдат устувор. Бо роҳи сулҳу оштӣ, Тухми умед бар коштӣ. Ту шӯълаи сулҳи ҷаҳон, Номат бимонад ҷовидон. Аз минбари ООН бидид, Гуфтори Ту аз он шунид. Гуфтӣ, ки об нерӯи ҷон, Об лозимаст бар одамон. Пайғоми Ту овеза шуд, Сол «Соли оби тоза» шуд. Дар танзими ҳар халқамон, Амри Ту шуд малҳам ба ҷон. Оину урфу тӯйу сур, Кардем қабул мо бо сурур. Аҳсант кунем марди Худо, Дар ҳар намози худ Туро. Бо азми худ карди раҳо, Нурбор намуди ҷумларо. Эй Нури нури босафо, Наҷми сари дунёи мо! Сарвар Саидов – роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.