Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9-09-2017, 11:30
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09.09.2017 11:18, шаҳри Душанбе
Ба муносибати таҷлили бисту шашумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

Дар табрику таҳнияти Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, чунин омадааст:

«Бародари азиз, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Иҷозат бидиҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон самимонатарин маротиб табрикоти хешро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯст ва бародари он кишвар иброз намоям.

Муштаракоти ғании динӣ ва фарҳангӣ миёни миллатҳои бо ҳам бародари мо равобити дӯстонаи миёни кишварҳои моро тавсеа додааст. Ман аз густариши ҳамкориҳо миёни Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, онро ба нафъи миллатҳои мо медонам.

Ман зимни ризоият аз равобити мавҷуд миёни кишварҳои мо орзу дорам ин равобит бо гузашти замон танаввуъ ва таъмини бештар ёбад.

Сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо ва саодат ва тараққии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон орзӯи ман аст».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам, табрикоти самимонаи худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоям.

Покистону Тоҷикистон дорои муштаракоти деринаи динӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва суннатӣ мебошанд. Сарфарозам, қаноатмандии худро аз тақвияти робитаҳо дар тӯли ин солҳо изҳор намоям ва боварӣ дорам, ки онҳо дар асоси уҳдадориҳои муштарак ҷиҳати густариш ва вусъат ёфтани бештари ҳамкориҳои дуҷониба идома меёбанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва муваффақиятҳои беназир ва ба мардуми бародари Тоҷикистон, сулҳ, пешравӣ ва шукуфоиро орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтироми самимии худ ба Шумо ғанимат мешуморам».

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар барқияаш навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Боиси хушнудист, ки ба муносибати Ҷашни миллии кишваратон – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самими худро ирсол медорам.

Итминон дорам, ки сатҳи баланди ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ, ки байни кишварҳои мо ба роҳ монда шудааст, барои рушди рӯзафзуни минбаъда ва таҳкими муносибатҳои мутақобилаи кишварҳоямон ба манфиати мардумонамон заминаи пойдор мегардад.

Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо самимона саломатии бардавом, саодатмандӣ ва комёбиҳо орзумандам. Хоҳишмандам табрикоти гарму ҷӯшон ва таманниёти беҳтарини сулҳ ва некӯаҳволиро ба мардуми дӯсти Тоҷикистон расонед».

Серҷио Маттарелла, Президенти Ҷумҳурии Италия, зимни табрикоти худ овардааст:

«Изоҷат фармоед аз номи худам ва инчунин аз номи мардуми Италия ба муносибати Ҷашни миллӣ табрикоти самимитарини шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ирсол дорам.

Дар соли 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ изҳорӣ умед мекунам, ки робитаҳои судманди мавҷудаи кишварҳоямон баъдан низ дар роҳи таҳкими минбаъдаашон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ идома меёбанд. Мутмаинам, ки ин ба шарофати ҳамкории Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи уҳдадориҳои нави он оид ба таъмини субот, некӯаҳволӣ ва рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар рӯҳияи ин дӯстӣ иҷозат фармоед бори дигар ба Шумо хушӣ ва ба мардуми Тоҷикистон некӯаҳволӣ орзу намоям!».

Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Арманистон, Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Кишвари Шумо ҳувияти миллӣ ва анъанаҳои беҳамтои худро нигоҳ дошта, роҳи таъмини рушди устувор ва шукуфоии давлат, баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро пеша кардааст.

Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, муносибатҳои эҳтироми тарафайн ва ҳусни таваҷҷуҳи самимии мардумонамон барои тавсеаи мунтазами ҳамкории байнидавлатии дорои иқтидори бузург заминаи пойдор мегарданд.

Сафари расмии моҳи июли соли равон анҷомдодаи Шуморо ба Арманистон, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳамгироии дуҷониба такони муҳим бахшид, бо самимият ёд мекунам. Итминон дорам, ки муколамаи созанда дар сатҳи баланд минбаъд низ ба рушди шарикии Арманистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо равона мегардад.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳ ва некӯаҳволӣ орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехостам ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии худро изҳор намоям.

Самимона умедворам, дӯстӣ ва ҳамкории мо, ки солҳо дар соҳаҳои гуногун устувор гардидаанд, барои баланд бардоштани ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии мардумонамон боз ҳам таҳким меёбанд.

Имсол рамзист, зеро ки мо 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямонро таҷлил мекунем. Шуморо аз самими қалб бо ин санаи муҳим табрик менамоям ва итминон дорам, ки муносибатҳои мутақобилаи байни кишварҳоямон бардавом рушд мекунанд.

Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам таманниёти беҳтарини маро, таманниёти саломатии бардавом ба Шумо ва шукуфоии бепоёнро ба давлати Шумо бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

«Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва аз номи мардуми Ветнам Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон шодбош гӯям.

Ветнам ҳамеша ҳодисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва аз муваффақиятҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар самти рушди кишвар таҳти роҳбарии Шумо хушҳол аст.

Кишварҳои мо соли 2017 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд. Изҳори умед мекунам, ки бар асоси натиҷаҳои ноилшуда мо ба хотири таҳким ва рушди муносибатҳои анъанавӣ ва дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Ветнам ва Тоҷикистон ба манфиати мардумони ду давлат барои сулҳ, некӯаҳволӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳем.

Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои беназир орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шумо ва кулли мардуми Тоҷикистонро аз номи мардуми Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам бо Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият самимона табрик мегӯям.

Дӯстӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон анъанаҳои бой дорад. Мутмаинам, ки сатҳи баланди кунунии муносибатҳои байнидавлатии мо барои тақвияти ҳамкории мо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳамеша заминаи пойдор мегардад.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолиятатон комёбиҳо, инчунин ба Тоҷикистони дӯст сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ таманно дорам».

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ҷашнгирии Иди миллӣ — имконияти хеле муносиб барои ман аст, то ба Ҷаноби Олӣ аз номи Шӯрои Федералӣ табрикоти самимӣ ва таманниети беҳтарин барои беҳбудӣ ва шукуфоии кишваратон таҳвил намоям.

Боварии комыл дорам, ки эътимоди мутаҳобила ва дӯстие, ки аз он кишварҳои мо баҳра мебаранд, дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Хоҳишмандам таҳдиди гояти эҳтироми маро кабул фармоед».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун – Абдуллоҳи II ибн ал Ҳусайн, Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа Бин Зойид Оли Наҳён, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳид Ҳоқон Аббосӣ, Президенти Украина – Пётр Порошенко, Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – Рашид Олимов, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV, Патриархи Москва ва кулли Россия Кирилл ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 26-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: