Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ОРДИ НАВЪИ ОЛӢ – САФЕДӢ НИШОНАИ СИФАТ НЕСТ

ОРДИ НАВЪИ ОЛӢ – САФЕДӢ НИШОНАИ СИФАТ НЕСТ

8-09-2017, 10:35
Хабарро хонданд: 345 нафар
Назарҳо: 0
ОРДИ НАВЪИ ОЛӢ – САФЕДӢ НИШОНАИ СИФАТ НЕСТ

Ғизои бидуни витамину минералҳои ҳаётан муҳим инкишофи ҷисмонию ақлонии инсонро бозмедорад

Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Он боиси камхунию камвазнӣ ва бемадорию нотавонии одамон гардида, пайомадҳои дарозмуддат барои солимии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар дорад.


1000 рӯзи тиллоии ҳаёт

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ муайян кардаанд, ки норасоии витамину минералҳо имкони сирояти ангезандаи бемориҳоро афзуда, иқтидори фитрию фикрӣ ва маҳсулнокии инсонро коҳиш медиҳад. Чунин ҳолат ба ҳамаи гурӯҳҳои синну солашон гуногун таъсир мерасонад, аммо кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ (қобили таваллуд) беш аз ҳама осебпазир мебошанд. Бинобар норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, онҳо аз тамоми имконоту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, модар, коргар ва шаҳрванд комилан бархурдор шуда наметавонанд.
Равзанаи имконият барои беҳсозии ғизо хурд аст – аз замони пеш аз ҳомиладорӣ то ду соли аввали ҳаёт, ки онро 1000 рӯзи тиллоӣ меноманд. Зарар ба рушди ҷисмонӣ ва ташаккули мағзи сар, ки дар ҳамин давра рух медиҳад, ҷиддӣ ва дар аксар ҳолат якумрию бебозгашт аст.

Чӣ бояд кард?


Пажӯҳиши миллии соли 2016 муайян кардааст, ки 22 дарсади занони қобили таваллуд ва 26 дарсади кӯдакони то панҷсола аз камхунии сабабаш норасоии оҳан азият мекашанд.
Барои таъмини аҳолии кишвар бо витамину минералҳои зарурӣ масъулини соҳаи тандурустӣ ва коршиносони мустақил ғанигардонии ордро ташаббуси муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мекунанд.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таассуф мегӯяд, микроэлементҳои ҳаётан муҳими таркиби гандум ҳангоми коркарди орди навъҳои олӣ ва якум аз байн мераванд: «Витамину минералҳо асосан дар пӯсти гандуманд, ки мо онро ба ҳайвонот медиҳему боқимондаашро, ки микроэлементҳои муфид кам доранд, худамон истеъмол мекунем».
Ин масъули Вазорати тандурустӣ мегӯяд, истеъмоли ғизое, ки витамину минералҳои кофӣ надорад, инкишофи ақлонию ҷисмониро бозмедорад ва ин таҳдид ба генофонди миллат аст.
«Хушбахтона, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории бо микронутриентҳо ғанигардонидашуда» фаъолият дорад. Агар ин Қонун қабул шавад, дар оянда мо метавонем на танҳо орд, балки дигар маҳсулоти озуқаро низ ғанӣ гардонем», - афзуд Шералӣ Раҳматуллоев.
Мутриба Латифова, ҳамоҳангсози барномаҳои Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо (GAIN) дар Тоҷикистон мегӯяд, дар навбати аввал пешниҳод шудааст, ки ғизои асосии аксари мардуми Тоҷикистон – орди гандумӣ бо витамину минералҳо ғанӣ гардонда шавад. Вай афзуд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тоҷикистониён шабонарӯзӣ то 500 грамм маҳсулоти ордӣ истеъмол мекунанд: «Агар орд бо витамину минералҳо, аз қабили оҳану туршии фолат ғанӣ гардонда шавад, ин сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст».

ОРДИ НАВЪИ ОЛӢ – САФЕДӢ НИШОНАИ СИФАТ НЕСТ


Ғанигардонии орд бе дастгирии давлат ғайриимкон аст

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов мегӯяд, баҳори соли равон ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонун «Дар бораи ғанигардонии орд»-ро, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Хайриниссо Юсуфӣ, Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли гузашта таҳия шуда буд, мутаассифона, рад намуд: «Масъулини ҳукумат бар ин назаранд, ки дар сурати қабули чунин Қонун орд қимат мешавад. Далели дигар ин аст, ки татбиқи Қонун «Дар бораи ғанигардонии орд» хароҷоти иловагиро аз буҷаи давлатӣ талаб мекунад. Аммо бе дастгирии давлатӣ амалӣ кардани ғанигардонии орд ғайриимкон аст».
Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар масъалаи ғанигардонии орд ду муносибат аст: «Ин чиз барои саломатии миллати мо зарур аст. Аммо аз нуқтаи назари иқтисодӣ то кадом андоза ба он муваффақ мешавем, ин масъалаи дигар аст. Имрӯз мо эътироф мекунем, ки аз се нафар як нафари мо камбизоат аст, лекин ин маънои онро надорад, ки ду нафари боқимонда ҳатман доро ҳастанд. Онҳо ҳам як тоифаи осебпазирро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки 20 дарсади онҳое, ки тоифаи осебпазирро ташкил медиҳанд, аз камбизоатӣ баромадаанду лекин ҳанӯз доро нашудаанд. Зери таъсири ин ё он омил метавонанд боз ҳамон гурӯҳи камбизоатҳоро ташкил диҳанд. Бубинед, вақте 50 дарсади аҳолӣ аз нуқтаи назари даромад маҳсулоти ғизоии арзон мекобанд, оё татбиқи Қонун «Дар бораи ғанигардонии орд» амалан имкон дорад ё не? Бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки хостан дигар асту тавонистан дигар. Яъне қонунро вобаста ба вазъу макону замонаш бояд қабул кард, ки татбиқшаванда бошад».

ОРДИ НАВЪИ ОЛӢ – САФЕДӢ НИШОНАИ СИФАТ НЕСТ

Аҳамияти ғанигардонии орд барои ояндаи миллат

Дар робита ба арзиши эҳтимолии ин навъи маҳсулот Ҷамшед Муртазоқулов чунин изҳор дошт: «Ғанигардонӣ нархи як халта ордро ҳамагӣ 1,2 сомонӣ зиёд мекунад. Таҳлили манфиат ва хароҷот нишон дод, ки арзиши ниҳоии ғанигардонӣ 0,79 фоизи нархи феълиро ташкил медиҳад. Афзоиши имконпазири нархи 1 халтаи 50-килоии орд ба 1,21 сомонӣ, ё сари ҳар тонна ба 24,32 сомонӣ баробар хоҳад шуд».

Ба гуфтаи ӯ, феълан лоиҳаи нави Қонун «Дар бораи ғалла, орд ва маҳсулоти ордӣ» дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ғанигардонии ҳатмии орд яке аз бобҳои он мебошад. Вай афзуд, лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Вазорати адлия дастгирӣ ёфта, айни замон дар ҳоли мувофиқа бо сохторҳои марбутаи давлатӣ қарор дорад ва хулосаи ҳукумати кишвар моҳҳои сентябр ё октябри соли равон маълум хоҳад шуд.
«Солона мардуми кишвар ҳудуди 1 миллион тонна маҳсулоти ордӣ истеъмол мекунанд, ки аз ин 600 ҳазор тоннааш истеҳсоли ватанӣ мебошад. Аз ин хотир, дар лоиҳаи Қонуни мазкур дарҷ гардидааст, ки ҳам орди воридотӣ ва ҳам истеҳсоли ватанӣ ҳатман ғанӣ гардонида шавад», - иброз дошт вакили мардумӣ.
Ҳамзамон бо зикри фоидаи ғанигардонии орд барои ояндаи миллат, номбурда афзуд: «Шарт нест ин Қонун имрӯз қабул шаваду фардо татбиқ гардад. Таҷрибаи қонунгузорӣ ҳаст, ки метавонем иҷрои бархе аз бандҳои серхароҷотро ба таъхир гузорем. Имкон дорад, ки Қонун «Дар бораи ғалла, орд ва маҳсулоти ордӣ»-ро қабул кунем, аммо иҷрои банди марбут ба ғанигардонии ҳатмии ордро ба соли 2018-2020 мавқуф гузорем».
Аз гуфтаи масъулину коршиносон ва нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои мақомоти кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ, то ҳол мардум аз нокифоятии маҳсулоти серғизо танқисӣ мекашанд. Агар як сабаби гирифторӣ ба бемориҳои аз норасоии микроэлементҳои ғизоӣ пайдошуда сатҳи пасти зиндагӣ бошад, омили дигари онро коршиносон ба ноогоҳиву беаҳамиятии волидайн ва аҳли ҷомеа рабт медиҳанд. Аз ин рӯ, дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, сафарбарсозии имконоти дохилӣ ва ҷалби кӯмакҳои байналмилалӣ ҷиҳати ғанигардонии ғизо, баланд бардоштани маърифати мардум аз роҳҳои самарабахши рафъи мушкилоти ҷойдошта маҳсуб мешавад.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: