Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар таърих бесобиқа аст6-09-2017, 14:39
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикон давраҳои ҳассоси таърихро бисёр пушти сар намудаву ба марҳилаҳои навин ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун омада расидаанд. Нангу номусу ғурури миллӣ, тамаддуни куҳанбунёд, эҳсоси худшиносиву худогоҳии баланди онҳо боис гашт, ки то имрӯз ҳамчун миллати соҳибфарҳанг дар арсаи байналмилал арзи ҳастӣ намоянд. Миллати хеш ва Ватани хешро дӯст доштан, марзу буми он, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти онро ҳифз намудан беҳтарин сифати инсониву ватандорист. Миллат маҳз бо шарофати фарзандони бонангу ору сарбаландаш зиндаву ҷовид мемонад. 26 сол қабл низ ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дорои эҳсоси баланди худшиносиву ғурури миллӣ, ҷуръату шуҷоат ва дигар сифатҳои олии инсонӣ буд. 26 сол қабл таърих бори дигар ин миллати соҳибтамаддунро санҷид. Вале хушбахтона, таҳти роҳбарии Сарвари муаззами давлат, абармармарди шариф, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон дар як муддати кӯтоҳ ба ҳам омаданд, даст ба дасти ҳам доданд ва атрофи сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи ӯ муттаҳид гаштанд. Таъкид кардан зарур аст, ки ҷанги таҳмилии ба сари мардуми тоҷик омада мардумро гумроҳу парешон намуд. Беш аз 60 ҳазор ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва 195 ҳазор ба кишварҳои ба мо дӯсти Узбекистону Русия фирор намуданд. 35 723 хона вайрону валангор, 25 ҳазор зан бева, 53 ҳазор кӯдак ятим гаридид. 61 муассисаи тиббӣ аз фаъолият боз монд, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бисёр мактабҳо мавриди роҳзаниву ғорат қарор гирифтанд. Аз соли 1992 то 1993 маблағи умумии зарари моддӣ беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Иқтисоди Тоҷикистон касод ва муфлис гардида, Тоҷикистон ба қатори яке аз давлатҳои қашшоқ ворид шуд. 800 гурезаи тоҷик, ки ба кишварҳои Афғонистону Покистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фирор намуда буданд, ба Ватан боз гардонда шуд. Сарвари давлат ҷон ба кафи даст ба ҷумҳурии Афғонистон рафта, бо лутфу меҳрубонӣ ва самимияти беандоза гурезаҳои тоҷикро чун бародару падар ба Ватан овард. Мардум ба ин ҷавонмарди асил ба суханҳои пурмеҳру самимонаи ӯ бовар намуда, ба хоки Тоҷикистон боз гаштанд ва зиндагиро аз сари нав оғоз намуданд. Қариб даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ саъю талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид. Танҳо аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд. Ҳамин тариқ, ислоҳоти сиёсиву конститутсионӣ оғоз шуда, ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва қабули рамзҳои давлатӣ тасмим гирифта шуд. Ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ташкили ҳокимияти мустақили судӣ, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонун дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз Тоҷикистон ба он дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки дар давоми 70 соли шӯравӣ муваффақ нашуда буд. Танҳо дар тули 16 соли охир, ки муддати хеле кӯтоҳи таърихист, мо дар ҳама самтҳои муҳим ба рушду пешравӣ расидем. Чуноне дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, дар ин давра 39 муассисаи олӣ арзи ҳастӣ намуд, ки 170 ҳазор донишҷӯро ба таълим фаро гирифт. 30 ҳазор ҷавони лаёқатманд имрӯзҳо дар хориҷ бо таҳсили илм машғуланд. 2, 5 ҳазор муассисаи таълимӣ ва 1000 муассисаи тиббӣ бунёду барқарор ва бо таҷҳизоту шароити муосир муҷаҳҳаз гардид. Беш аз 2 ҳазор километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақби мошингузар ба маблағи 11, 4 миллиард сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ муваффақ шудем. Дастовардҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон дар ин давраи кӯтоҳ дар таърихи тоҷикон бесобиқа арзёбӣ мегардад. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванд ҳифзи ин дастовардҳо, сулҳу субот, арзишҳои миллӣ маҳсуб ёфта, моро водор месозад, ки дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, нангу ғурури миллӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи муносиби хешро гузорем. Ҳамватанони азизро бо ин ҷашни бузург, ҷашни нангу ор, худшиносӣ, озодиву ободӣ-Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, хонаободиву саодамандиро барояшон таманно мекунам. Алишо Қурбониён
муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.